Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Раҳмон: ‘Афғонистони ором ва бе маводи мухаддир ба нафъи ҳамаи мост’

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Чжан Синфэн -- роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шонгҳой, 29 июл дар Душанбе доир гардид, мавзӯи субот дар Афғонистонро баррасӣ кардааст. “Кумак ба Афғонистон дар роҳи табдил додани он ба кишвари орому осуда ва давлате, ки рушду тараққиёти худро бе истеҳсоли маводи мухаддир таъмин намояд, ба манфиати ҳамаи мост”,-таъкид доштааст ҷаноби Раҳмон.
Дар ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Чжан Синфэн, инчунин, масъалаи ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, "натанҳо бо худи терроризм, балки бо омилҳои ба он мусоидаткунанда низ мубориза бояд тақвият дода шавад".
“Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ, ки аз Конвенсияи Созмони ҳамкории Шонгҳой доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ бармеояд, ҳамеша устувор аст ва барои таъмини амну суботи минтақавӣ бо ҳамаи шарикони худ ҳамгироии пурсамар ба роҳ мондааст”,-изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома ҷонибҳо ба омодагӣ ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СҲШ 30 июл дар Душанбе доир мегардад, ки дар кори он Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия иштирок хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |