Дастур барои қатъи мошинхарии мансабдорони тоҷик то 3 соли оянда

Бар асоси як дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон мансабдорони кишвар вазифадор шудаанд, ки давоми се соли оняда барояшон мошини хидматӣ нахаранд. Дар ин бора Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар нишасти матбуотии 29 июл дар Душанбе хабар дод.
“Давоми се соли оянда кормандони давлатӣ мошинҳои доштаашонро таъмир карда, истифода хоҳанд бурд”,-афзуд ӯ.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тасдиқ кард, ки, воқеан, мошинҳои хидматии бархе аз кормандони вазоратҳо хеле гаронарзишанд. Қодири Қосим тарафдори савори мошинҳои гаронарзиш шудани кормандони вазоратхонаҳо набуданашро иброз дошт ва афзуд: “Ин мошинсаворӣ ба обрӯяшон зам намекунад. Беҳтар аст, ки фаъолияти хуб нишон диҳанду ба ҳамин минвол нуфуз ёбанд.”
Ӯ дар идома ба масъалаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» низ дахл кард. Қодири Қосим гуфт, ба хотири беҳбуди вазъи молии ширкати “Тоҷик Эйр” қарор кардаанд, 6 ҳавопаймои ин ширкатро, ки боқимондаи Шӯравист, ба фурӯш гузоранд. “Феълан тариқи интернет нархномаҳои тайёраҳоро, ки ба ҳисоби миёна аз 250 ҳазор сомонӣ то 1,5 миллион сомонӣ арзиш доранд, пешниҳод кардаанд ва раванди фурӯш идома дорад”,-таъкид дошт ӯ.
Дар посух ба суоли “Озодагон”, ки оё нияти фурӯши саҳмияҳои “Тоҷик Эйр”-ро надоранд, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ афзуд, то ҳадди имкон талош мекунанд, вазъи ин ширкатро беҳбуд бахшанд: “Дар сурати ноил нашудан, баъд чораҳои дигар, аз қабили фурӯши саҳмияҳо низ аз эҳтимол дур нестанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |