Бисёре аз дӯстони Ҷонибеки Акобир (Ҷонибек Акобиров), сардабири маҷаллаи миллию адабии "Садои Шарқ", бо ирсоли нома даргузашти ӯро ба хонавода ва наздиконаш тасаллият гуфтаанд. Ин нависандаи маъруфи тоҷик рӯзи 25 июли соли ҷорӣ, дар 62-солагӣ, баъд аз бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт. Ҳоло номаи муаррихи тоҷик -- Луқмон Бойматов, ки сӯгномаи худро аз Суед (Шветсия) фиристодааст, нашр мекунем ва аз номи ҳамаи дӯстони нависанда ба наздикони ӯ сабри ҷамил мехоҳем
"Бегумон даргузашти бародари бузургворамон -- Ҷонибек Акобиров гарди ғам бар чеҳраи фазлу адаб пошидааст. Рӯҳи баланду поку озодаи ин марди азизи андешаманд ба осмони баланд баркашида ва аҳли адабу фарҳангро бар сӯги амиқи баҳри дил фурӯ овард.
Тамоми аҳли хонаводаам устодро ба унвони дӯст ва бародари самимии хеш мешинохтем. Ёд дорам, он гоҳ ки ҳамшаҳриёнам аз изҳори назар нисбат ба навиштаҳои фарзандам Нодир худдорӣ намуда буданд, эшон бо камоли иззат ҳомӣ ва мубаллиғи сарсахти ҳунари нависандагии писарам дар сафаҳоти маҷаллаи Иттиҳоди нависандагони кишвар шуданд.
Афсӯс, ки фурсат бар орзуҳо раҳм намекунад ва рафтагонро баъд мешиносем. Сурати ин марди сӯфимашраб саросар мактаби сират, сози навои эшон рози ногуфтахо буд. Шеваи зиндагии эшон бароям рамзи порсоӣ, номашон ёдовари зулоли покӣ, кирдорашон нишонае аз хӯйи ишқ, пиндорашон муҳаббату меҳрубонӣ бар ниёзмандон буд. Эшонро ба унвони инсони амиқан дурусткору солеҳ ва пойбанд ба арзишҳои инсониву осмонӣ мешинохтам. Кош бар хоки меҳанам ғубори кафшҳои чунин шахсон бештар рехта мешуд!
Шоҳидем, эшон дар сахттарин даврони адаб тавонистанд бо ҳушмандӣ ҳама хунару қудратро барои хидмат ба ҳимояти маърифати мардум ва сарбаландии кишвару миллат ба кор гиранд. Эшон ҳомии маърифату фазилати инсонӣ буданд ва бо рашодати тамом дар баробари таҷаллии бумгароиву маҳалгароӣ меистоданд. Хато нахоҳам кард, агар гӯям, азизи аз дастрафта нумод ва меросдори ҳамаи миллатдӯстони воқеии айём буданд. Вуҷуди эшон дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» нуқтаи иттикоъ ва рӯҳи пуштбони ҳамаи адибони миллӣ буд.
Тардид надорам, бародари азиз зиндаанд то ахлоқи ҳамидаву инсон зиндааст. Эшон зиндаанд то имону покӣ зиндаанд. Эшон зиндаанд то адаби миллат зинда аст.
Дуо мегӯям, то ҳамаи бозмондагон ва дӯстони равоншод дар ин озмуни сахт, шикебову устувориро бар тақдири ҳазрати ҳаққ таслим ва музайян бар мақому сабри ҷамил дошта бошанд! Бори дигар, аз самимият таслият мегӯям, то равони аз дастрафта дар боргоҳи амни илаҳӣ ва дар ҷавори раҳмати азими худ ҷовидон биёсояд! Худованди карим рӯҳи рафтаро шоду биҳишти барринро насибашон бигардонад. Омин!
Луқмон БОЙМАТОВ,
Суед"
ҲОЛНОМА: Ҷонибеки Акобир (Ҷонибек Акобиров) соли 1952 дар деҳаи Рӯшании ноҳияи Комсомоболоди собиқ (ҳоло Нуробод) ба дунё омада, соли 1980 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Ӯ дар солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардаа, соли 1992 як муддат сухангӯи Акбаршоҳ Искандаров, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, буд. Ҷонибеки Акобир соли 1997 сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шуда, бо вуҷуди беморӣ, то дами марг дар ин мақом кор кардааст. Вай беҳтарин асарҳои худро дар маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), «Пазмонӣ» (1990) манзури хонандагон гардонидааст. Охирин асари калонҳаҷми ӯ «Қаламҳои кӯҳистонӣ» буд, ки соли 2012 ба нашр расидааст. Ӯ барандаи Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (1990) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ буд.