АКС: Шиори кӯдакону ҷавонони тоҷик ба ҳимоят аз Фаластин

Як гуруҳ аз наврасону ҷавонони тоҷик бар муқобили куштори мардуми осоишта, бахусус кӯдакон, дар Фаластин аз сӯи артиши Исроил шиор доданд. Акси якҷояи ин навҷавонон субҳи 29 июл дар шабакаи Фейсбук нашр гардид.
Дар ин аксҳо, ки аз ҷониби рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ нашр шудаанд, ҷавонону кӯдакони тоҷик бо шиорҳо дар даст, даъват мекунанд, ҳаёти кӯдакони фаластинӣ ҳифз шаваду куштори мардуми мусалмон хотима ёбад. Саидаминӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нашри аксҳои эътирозӣ камтарин корест, ки ӯ метавонад дар ҳоли ҳозир ба ҳимоят аз мардуми Фаластин кунад.
Ин хабарнигори тоҷик аз қудратдорони кишварҳои мусалмоннишин интиқод кард, ки бархе бо шиорпартоиҳо қаноат мекунанду қисмеи дигар дар баробари бедодгариҳои Исроил алайҳи Фаластин хомӯширо ихтиёр намудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан як гуруҳ шоирони шинохтаи тоҷик аз қабили Рустами Ваҳҳоб, Озар Салимов, Исфандиёри Назар, Аслиддини Ҳисорӣ, Рустами Аҷамӣ ва дигарон амалиёти низомии Исроилро алайҳи Фаластин маҳкум карда, ба ҳимоят аз Фаластин даъват намуда буданд.
Амалиёти шадиди низомии Исроил, ки дар се ҳафтаи охир беш аз 800 кушта ва 4,5 ҳазор захмӣ аз ҳисоби мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакону занони фаластинӣ барҷой гузошт, то ҳол идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |