5 000 сомонии дастаи Шоҳрух Саидов ба Шаҳбол Мирзоев (АКС)
Бошгоҳи футболи “Истиқлол” 28 июл, дар рӯзи Иди Саиди Фитр ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшуда ва маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон кӯмаки молӣ кардааст.
Торнамои расмии ин клуби Душанбе менависад, Муродҷон Умаров, раҳбари кулли дастаи “Истиқлол” ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз номи Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳ ба Шаҳбол дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст.
“Муродҷон Умаров ҳангоми суҳбат бо Шаҳбол Мирзоев таманнои футболбозон, ситоди мураббиён ва раҳбарияти дастаро барои ҳар чӣ зудтар шифо ёфтани ӯ баён кард”,-меафзояд манбаъ.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рӯз дар шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, табобат мегирад. Ӯ сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |