Президенти нави Ироқ шаҳрванди Бритониё будааст
Бархе аз расонаҳои Ироқ мегӯянд, Фуод Маъсум - раиси ҷумҳури нави ин кишвар шаҳрванди Бритониё низ ҳаст.
Ба иттилои манбаъ, бархӯрдории раиси ҷумҳури нави Ироқ аз табаияти Бритониё дар ҳолест, ки қонунгузории ин кишвар душаҳрвандиро барои мақомҳои баландпояи давлатӣ манъ кардааст. Дар ҳамин ҳол, Озод Маҳмуд - рӯзноманигори ироқӣ дар суҳбат бо “ал-Арабия” гуфтааст, замони баргузории раъйгирӣ дар парлумони кишвараш ин масъала матраҳ шуда, таъкид шудааст, ки масъулони баландпоя бояд танҳо шаҳрвандии Ироқро дошта бошанду аз дуюмӣ даст кашанд.
Ба гуфтаи ӯ, то ҳол шумораи зиёди мансабдорони давлатии Ироқ аз шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ низ бархурдор будаанд: “Бисёре аз масъулони болоӣ чӣ араб бошанду чӣ курдтабор дорои шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ низ буданду то ҳол ин масъала мушкилсоз набуд.” Ин рӯзноманигори ироқӣ мегӯяд, Ҷалол Толибонӣ, раисиҷумҳури пешини кишвараш низ шаҳрвандии Бритониёро дошта буд.
Парлумони Ироқ дар пайи ҷаласаи 6-уми худ ва баргузории як раъйгирӣ рӯзи 24 июли соли ҷорӣ Фуод Маъсум - сиёсатмадори курдро раисиҷумҳури ин кишвар интихоб кард. Ӯ 64 сол дошта, зодаи шаҳри Арбили Ироқ мебошад. Ӯ яке аз раҳбарони Иттиҳоди меҳани Курдистони Ироқ буда, соли 2005 тавассути ин иттиҳод вориди парлумони Ироқ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |