Раиси шаҳри Хоруғ: “Дар рух додани ҳодисаи моҳи май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд"
Фаромуз Имомбердиев, раиси шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар сар задани ҳаводиси моҳи майи соли ҷорӣ дар ин минтақа то ҷое айбдор донистааст. Ӯ дар матлабе, ки дар “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, ба чоп расонд, гуфтааст, дар ҳодисаи 21 майи шаҳри Хоруғ, ки 5 нафар кушта бар ҷой гузошт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар беайб нестанд.
Ба гуфтаи Имомбердиев, баргузории чунин як амалиёт дар рӯзи равшан ва дар маркази шаҳри Хоруғ аз бесалоҳиятии мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ хабар медиҳад. “Дар рух додани қазияи моҳи майи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд. Онҳо то андозае бесалоҳиятии худро нишон доданд. Набояд дар рӯзи равшан, дар маркази шаҳр, дар байни издиҳоми мардум амалиёти боздоштро пиёда мекарданд”,-навиштааст раиси шаҳри Хоруғ.
Фаромуз Имомбердиев мегӯяд, дар пайи ин бесалоҳиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархе аз гуруҳҳои ба ном “ватанхоҳ” истифода карда, мардумро ба майдон кашиданд: “Онҳо зуд лаҷоми вазъиятро ба даст гирифтанд ва мардумро, махсусан ҷавонон ва наврасонро, ба майдон кашиданд. Маълум аст, ки пешвоёни ин гирдиҳамоӣ аз куҷо ғизои маънавӣ мегирифтанд.”
Имомбердиев ин ҳарфҳоро дар матлаби эътирозии худ ба маводи “Тақдири Хоруғ - дар дасти ҷинояткорон” изҳор дошта гуфтааст, “афсӯс, муаллиф андешаи онро нанамудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар шаҳр аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳру вилоят ниҳоят пурзӯр карда шудааст. Тамоми муваффақиятҳои шаҳрро сарфи назар кардан ва ба тақдири шаҳр кӯр – кӯрона назар афкандан хуб нест”. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, тамоми навиштааст маънои сафед кардани ягон гунаҳкорро надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |