Боздошти Давлатов барои тақаллуби ҳуҷҷатҳои қитъаи замин
Вазорату умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳои қитъаи замин хабар додааст.
Торнамои ин ниҳод менависад, Мансурҷон Давлатови 39-соларо “ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ” боздошт кардаанд. “Муайян карда шуд, ки номбурда моҳи майи соли 2013 бо роҳи фиреб ва бо маслиҳати пешакӣ ба шаҳрванд Диловари Шоҳназар, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара ба ивази 14000 доллари амрикоӣ, қитъаи замин дар масоҳати 0,05 га-ро бо қарори қалбакӣ аз номи раиси ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ медиҳад”,-хабар додааст манбаъ.
Гуфта мешавад, Давлатов маблағи гирифтаро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |