“Ашк”-и Фарзонаи Хуршед баъди тавофи Каъба

Ширкати Daf Entertainment клипи нави Фарзонаи Хуршед, хонандаи попи тоҷикро муаррифӣ кардааст. Дар саҳифаи расмии Фейсбуки ин ширкат як пора аз ин клип нашр шуда ва ваъда мешавад, ки "ба наздикӣ" он вориди бозор хоҳад шуд.
Ин клип бар матни таронаи “Ашк” бардошта шуда, дар ҳоле таблиғ мешавад, ки Фарзона ҳамроҳ бо аппаҳояш –Шабнаму Бибирӯзигул ва ҷиянаш Шарифамоҳ ҳаҷи умра анҷом дода, дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд.
Фарзонаи Хуршед вақте дар саҳнаи бузург муаррифӣ шуд, ки апааш-Шабнам аллакай маъруф буд. Ӯ ҳам зуд шуҳрат ёфт ва тавонист ба қатори хонандаҳои "қатори аввал" шомил гардад. Аммо моҳи феврали соли 2010 ба ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш - Фаррух Рӯзиев ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ӯро бар асоси моддаҳои 36 (қисми 5), 365 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донист. Баъди бештар аз як сол ва бар асоси қонуни афв аз маҳбас раҳо шуд. Ҳамон сол дар озмуни "Big Apple Awards"-и Амрико ба ҳайси меҳмон иштирок намуд. Дар Big Apple Music Awards-2014 бошад, Фарзонаи Хуршедро “Беҳтарин сарояндаи зан аз Тоҷикистон” эътироф карданд.
Дар соли 2012 Фарзона, Шабнам ва модарашон Сурайё барномаи бузурги консертиеро бо номи “Баъди борон” баргузор намуданд. Фарзонаи Хуршед аз нахустин бонувони овозхони тоҷик аст, ки клипи ӯ (Биё биё) тавассути шабакаи мусиқии форсизабон – PMC пахш гардид.
Нахустин қадамҳои Фарзонаи Хуршед рӯйи саҳнаи шоу-бизнес соли 2000 гузошта шудааст. “Ёр, биё, ёр”, “Модар”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо”, “Ҷӯраҷон”, “Эй ошиқон” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш ҳастанд. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронӣ, бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро, низ бозхонӣ кардааст.
Daf Entertainment бештар бо Шабнами Сурайё ҳамкорӣ мекунад. Бештари клипҳои чанд соли ахири ӯро маҳз ин ширкат таҳия кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |