Ҳабси абади президенти фирорӣ дар ғайбаш

Додгоҳи низомии шаҳри Бишкек Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар ғайбаш дар даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум кард.
Бино ба хабарҳори расида, Ҷониш Боқиев, бародари Қурмонбек Боқиев ва раҳбари пешини Хадамоти ҳифзи президенти Қирғизистон ва Дониёр Ҳусейнов, нахуствазири собик ҳам дар ғайбашон чунин ҳукм гирифтаанд. Марат Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқ, ки дар аҳди падараш муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, 22 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Канибек Жороев, раҳбари собиқи дастгоҳи президент, Элмурзо Сотиболдиев, мушовири собиқи президент дар масоили амният, тартиботи қонунӣ ва дифоъ, ҳамчунин Нурлан Турсунқулов, собиқ додситони кулли Қирғизистон барои 10 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.
Суди ҳарбии Бишкек Нурлан Темурбоев, ҷонишини пешини раҳбари Хадамоти ҳифзи давлатиро 22 ва Алмос Ҷолдошалиев, фармондеҳи собиқи “Алфа”-ро барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бино ба иттилои расонаҳо, Темурбоев, Ҷолдошалиев , Жороев ва Сотиболдиев, ки дар мурофиа ҳузур доштанд, баъди эълони ҳукм ба ҳабс гирифта шуданд.
Қурмонбек Боқиев баъди тазоҳуроти моҳи апрели соли 2010 бо аъзои хонаводааш фирор ва гуфта мешавад дар Беларус паноҳ мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |