“Сомон Эйр” парвозашро тариқи Украина қатъ кардааст
Ширкати тоҷикистонии Сомон Эйр дар пайи суқути “Боинг”-и малайзиягӣ дар Украина ба далоили амниятӣ парвозашро аз болои ин кишвар қатъ кардааст.
Манбаи “Озодагон” дар “Сомон Эйр” тасдиқ кард, ки хатсайри Душанбе-Франкфурт, ки қаблан аз қаламрави Украина мегузашт, тағйир дода шуда, феълан аз фазои кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон, Русия, Белорусия, Лаҳистон ва ҷумҳурии Чех мегузарад.
Ба итилои манбаъ тибқи тағйироти нав муддати парвоз дар хатсайри Душанбе-Франкфурт ба 7 соату 5 дақиқа расид, вале нархгузориҳо бетағйир мондаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Боинги ширкати малайзиягӣ дар Украина ҳадафи мушак қарор гирифт ва то ҳол дақиқ нест, ки кадоме аз ҷонибҳои даргир ин мушакро сар додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |