Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба амалиёти Исроил алайҳи Фаластин: Дигар бояд бихезем...

Амалиёти шадиди низомии Исроил, ки дар ду ҳафтаи охир беш аз 800 кушта ва 4,5 ҳазор захмӣ аз ҳисоби мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакону занони фаластинӣ барҷой гузошт, миёни ҷомеаи Тоҷикистон низ вокунишҳо ба бор овардааст.
Бисёре аз намояндагони аҳли фарҳангу адабиёти тоҷик иқдоми Исроилро маҳкум карда, ба ҳимояти Фаластин садо баланд намудаанд. Мушкилоти Фаластину бедодгариҳои Исроил даҳсолаҳо боз вуҷуд дошту дар адабиёти тоҷик то ҳол инъикос наёфта буд, вале ҳафтаҳои охир дар шабакаи интернет чандин шеър дар ин мавзуъ ба нашр расидааст, ки ба қалами шоирони шинохтаи тоҷик аз қабили Рустами Ваҳоб, Озар Салимов, Исфандиёри Назар, Аслиддини Ҳисорӣ, Рустами Аҷамӣ ва дигарон тааллуқ доранд.
Рустами Ваҳҳоб ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин ва Қудсро ба қалам кашида, гуфтааст, аз он рӯзе, ки мусулмонон қиблаи нахустини худро аз даст доданд, ҳаловати имон гум кардаанд:
Қиблаи нахустин
Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,
Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.
Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,
Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.
Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд...
Ҳар шаб аз канорони дил ситора мечинам.
Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,
Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам.
Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,
Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.
Эй башар!
Тафовутро бас азим меёбам
З-он ки ту ҳамегӯйӣ то ман он ки мебинам.
Пойгоҳи меъроҷ,
эй хоки поки Озодӣ,
Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.
Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун
Даст мебарад Ҳуре сӯйи қалби сангинам.
Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам…
Озар Салим низ дар қазияи Фаластин ва қатли кудакони бегуноҳи ин сарзамини мусулмоннишин худро бетараф нагирифтаасту онро озмун миёни куфру имон хондааст:
Аз нав Фаластин дар миёни хоку хун аст,
Аз нав миёни куфру имон озмун аст.
Аз нав Фаластин чун ҳақиқат монд танҳо,
Кас нест пурсад ҳоли зорашро, ки чун аст.
Эй во, Фаластин!
Эй захми бедармони ин дунё, Фаластин!
Аз нав Навори Ғазза майдони ғазо шуд,
Тифли ятиме аз сари сабзаш чудо шуд.
Аз нав ба мисли санги дасташ қалби марде
Афтода рўи хоки хунин, зери по шуд.
Эй во, Фаластин!
Манзумаи беохири ғамҳо, Фаластин!
Исфандиёри Назар дар пасманзари амалиёти низомии Исроил алайҳи навори Ғазза ва куштори кӯдакони фаластинӣ навиштааст:
ЯҲУДО БАР ШУДА ИН БОР...
Қасам бо тину бо зайтун, ки инҷо сабза хунин аст,
Саманди ҷўйбор ин ҷо дигар бесоҳибу зин аст.
Қасам бар шаб, ки дар инҷо нигоҳи раҳзанон резад,
Нигоҳи шуми Исроил, ки бешак раҳзанойин аст.
Яҳудо бар шуда ин бор, к-аз хуни башар нўшад,
Яҳудо ҳасту Юсуф нест, Юсуф – ин Фаластин аст.
***
Ҷаҳон ҳарфе намегўяд, ҷаҳони Ғарб хомўш аст,
Ҷаҳони ҳар мусалмоне ба хуни дида рангин аст.
Мусулмон ҳар куҷо дасту гиребон мешавад бо худ,
Ҳамора ҷанги мазҳаб дораду ҳарфаш ҳама ин аст.
Ҷаҳони Ғарб бар кори Яҳудо медиҳад ёрӣ,
Дигар Ғарби ҷаҳон хасми Фаластин, душмани дин аст.
***
Куҷо ояд аз ин тири дуо, тири нигоҳу оҳи мо коре?
Дигар бояд бихезем, ҷанг бояд кард, кор ин аст!
Рустам Аҷамӣ, шоири ҷавони тоҷик ҳаёти кӯдакони Фаластинро ба қалам дода, аз ҷумла навиштааст:
Ба кӯдакони Ғазза
Ту ҳам дӯст доштӣ орзуҳоятро
Ки дар кӯчаҳои вайрона гум шудаанд
Дӯст доштӣ розҳоятро
Ту таронаи ғамгине будӣ
Пур аз ваҳшати модар
Пур аз васваса дар шеърҳои падар
Ки аз ту борон ба вуҷуд оварданд
Шеър шудӣ чун ситораву суруд
Туро аз кӯчаҳо ҷудо сохтанд
Аз дарахтоне, ки бо ту ҳарф мезаданд
Аз ситораҳое, ки арусакҳоят буданд
Дилат гирифта буд, зебои кӯчак!
Аз мадраса ба ҷои занги тафреҳ садои гулӯла ба гӯш мерасид
Хаффошҳо шаҳрро гирифта буданд
Тамоми лаҳзаҳо шабанд, шаб
Ту ҳеҷ гоҳ субҳона нахӯрдӣ
Ва бо ҷанг бузург шудӣ
Саҳми ту аз ин дунё танҳо шаҳодати бародаронат буд
Ту панҷараатро дӯст медорӣ
Дар ҳоле ки ҳеч насими шодӣ намевазад
Ҳанӯз бедорӣ
Кӯчаҳо ва хонаҳо бӯи саҳми ту
ва хотираҳои падарро медиҳанд
Медонам, дарёҳо байни ману ту фосила андохтааст
Ту дигар танҳо нестӣ
Мо қаиқ мешавем
Ва ҳеҷ тӯфоне наметавонад ҷудоямон кунад...
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |