Худдории домоди раисиҷумҳур аз ифшои дороияш ба хабарнигорон (ВИДЕО)

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ифшои дороиҳояш дар ҳузури хабарнигорон худдорӣ намуд.
“Озодагон” дар пасманзари даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои қатъи қасрсозиҳо ва сармоягузорӣ дар истеҳсолот аз Нуралиев низ баробари дигар мансабдорони тоҷик хост, то дороиҳои асосияшро номбар кунад. Аммо Нуралиев дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ки барои дақиқ кардани ин масъала ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед: “Баъди ин саволи Шумо рости гап, магар, ки нотариуси ман нақшаи меросгузориамро тайёр кунад. Тибқи моддаи 31-и қонун дар бораи хизмати давлатӣ ҳар як хизматчии давлатӣ ӯҳдадор мешавад, ки дороиҳои худро ба воситаи деклоратсия ба мақомоти дахлдор, яъне Кумитаи андоз пешниҳод намояд. Аз соли 2007 инҷониб, ки ман ба ҳайси муовини вазир ва аз соли 2010 ба ҳайси муовини якум он амволеро, ки дорам, дар деклоратсия дарҷ карда, ба кумитаи андоз пешниҳод кардаам. Тибқи қонунгузорӣ ҳамаи андозро супоридаам.”
Нуралиев бо истиқбол аз эродҳои президент дар мавриди қасрсозиҳо афзуд, ки онҳо саривақтиянд: “Фикр мекунам, ҳадафи мову Шумо ин нест, ки ман шумораи ҳар яки он амволамро ба Шумо ҳисобот диҳам. Агар Шумо шахсан хоҳед, ман метавонам шуморо иҷозат диҳам, ки ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед, эъломияи худро ба Шумо пешниҳод мекунам. Баъд аз шинос шудан ба эъломияи ман кадом саволе пайдо мешавад, марҳамат. Аз ин саволи Шумо миннатдорам”.
Ин дар ҳолест, ки ширкати роҳбони IRS, ки идораи ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, ба Нуралиев рабт дода мешавад. Аммо худи ӯ бо нашри изҳорот робитаашро бо ин ширкат рад намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |