Холиқов дар бораи мансаби ғайриинтизор, якҷошавии фурудгоҳу Тоҷик Эйр ва зарару фоида (ВИДЕО)
Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки чор рӯзи пеш ҳамчунин раҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” таъин гардид, изҳор дошт, ки фаъолияташро дар симмати нав аз додани маоши семоҳаи кормандон оғоз намудааст.
Холиқов рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, гарчанде чор рӯз муҳлати хеле кам аст, ӯ талош намудааст, ки баробари додани маоши кормандон таъхиркориро дар парвози тайёраҳои “Тоҷик Эйр” хотима диҳад. Раиси нави “Тоҷик Эйр” эътироф намуд, ки дар ҳоли ҳозир вазъи молии ин ширкат хеле бад аст ва танҳо аз фурудгоҳ ҳудуди 70 миллион сомонӣ қарздор мебошад: “Он, ки баробари раиси фурудгоҳ буданам, боз раиси “Тоҷик Эйр” таъин шудаам, бароям ғайриинтизор буд ва аз ин дар нисфирӯзи душанбеи 21-уми июл огоҳ шудам. Аммо чун раисиҷумҳур дастур додааст, ки бояд ин ширкати давлатиро ба по хезонем, он иҷро хоҳад шуд. Вале ин маънои онро надорад, ки мо хисороти “Тоҷик Эйр”-ро аз ҳисоби фурудгоҳи Душанбе таъмин хоҳем кард. Кор мекунем ва идораю хизматрасонии “Тоҷик Эйр”-ро тавре ба роҳ мемонем, ки фаъолияти ширкат фоидаовар шавад ва қарзҳояш пардохт гарданд.”
Видеои 1, Видеои 2
Холиқов изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир Фурудгоҳи Душанбе ва “Тоҷик Эйр” якҷоя нашудаанд ва ҳамчун ду корхонаи алоҳида фаъолият доранд: “Мо ҳоло фикр дорем ва бояд роҳеро ёбем, ки фаъолияти як корхона ба дигаре хала нарасонад. Шояд дар шакли холдинг ё усули дигар, вале ба ҳар сурат талош мекунем, ки зимни якҷокунӣ кормандони “Тоҷик Эйр”-ро ихтисор накунем.”
Холиқов таъкид кард, ки давоми ду моҳ ба ҳукумат хулосаашонро дар бораи якҷоя кардан ё накардани “Тоҷик Эйр”-у фурудгоҳ пешниҳод хоҳанд кард.
Рустам Холиқов рӯзи душанбеи 21-уми июл раиси ширкати “Тоҷик Эйр” таъин гардид. Фирӯз Ҳамроев, раиси қаблии ин ширкат баъд аз нишасти хабарияш дар субҳи 21 июл аз мақомаш барканор шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |