Роҳпаймоӣ ва сар додани шиорҳои зидди Исроил дар 80 кишвари дунё

Сокинони наздик ба 80 кишвари дунё бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Қудс имрӯз 25 июл ба кучаҳо баромада, даст ба роҳпаймоӣ мезананд.
Роҳпаймоӣ дар Теҳрон соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ шуруъ шуда, дар ҷараёни он сокинони Эрон шиорҳои зидди Исроил, аз ҷумла “Марг ба Исроил” сар дода, безории худро аз ин кишвар бори дигар эълон хоҳанд кард.
Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамасола ҷумъаи ахири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, асосгузори ин ҷашн Руҳулло Мусавӣ Ҳумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон мебошад. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон соли 1979 ин сана ҳамчун рӯзи иттиҳоду якдилӣ бо мардуми Фаластин, ки аз дасти яҳудиён ҷабр мебинанд, ҳамчун рӯзи Қудс эътироф ва таҷлили он бештар миёни шиаҳо расм шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тӯли 18 рӯз мешавад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин идома дорад. Дар пайи ин ҳамлаҳо ба манотиқи аҳолинишини Ғазза наздик ба 800 нафар фаластинӣ кушта шуда, беш аз 4 ҳазору 500 нафар захм бардоштаанд. Бояд гуфт, мақомоти фаластинӣ аксари қурбониёни худро пиронсолон ва занону кудакон мегӯянд, ки бар асари бомбаборон шудани манозили зисташон аз сӯи неруҳои Исроил ҷон додаанд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |