3 тонна тилло: Коре, ки Гул Шералӣ натавонист, Бобозода анҷом доданист...
Шавқат Бобозода, ки аввали соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъин шуд, ният дорад, ки соли равон истеҳсоли тиллоро дар кишвар то ба 3 тонна расонад.
Бобозода рӯзи 24-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, тайи 6 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 1 тоннаву 141 килограмм тилло истеҳсол шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки то охири соли равон ин нишондод ба 3 тонна расонда хоҳад шуд: “Истеҳсоли тилло дар шаш моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 килограмм зиёд шуда, 105,3%-и нақшаро ташкил додааст.”
Ин дар ҳолест, ки Гул Шералӣ, собиқ вазири саноат дар чанд соли гузашта нақшаи истеҳсоли тиллоро 3 тонна эълон кард, вале дар ягон сол аз уҳдаи иҷрои он набаромад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |