Эълони вақт ва макони баргузории намози Иди Фитр дар Маскав ва атрофи он

Намози Иди Фитр дар рӯзи душанбеи 28 июл дар 8 минтақаи шаҳри Маскав ва 28 минтақаи вилояти тобеи он баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии департаменти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, сиёсати миллӣ ва иртибот бо созмонҳои диннии пойтахти Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, намози ид дар чор масҷид ва чор нуқтаи иловагӣ, ки бо чодарҳои махсус пӯшида мешаванд, гузошта мешавад. “Рӯзи Иди Рамазон, 28 июл, аз соати 7:00 то 11:00 намози ид дар ҳамаи чор масҷиди шаҳри Маскав анҷом мешавад. Аммо ин масҷидҳо имкони ҷой намудани ҳамаи ибодаткунандаҳоро надоранд. Ин ҳолат сабаби нороҳатии ҳам намозгузорон ва ҳам афроде мешавад, ки дар кӯчаҳои наздик зиндагӣ мекунанд. Солҳои охир бо пешниҳоди созмонҳои диннии мусалмонӣ намозҳои ид ҳамчунин дар ҷойҳои муваққатан ҷудошуда баргузор мешванд”,-афзудааст манбаъ.
Онҳое, ки мехоҳанд намози идро дар пойтахти Русия ва атрофи он гузоранд бояд бо худ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд: “Ба ибодаткунандаҳо ихтиёриёни Шӯрои муфтиёти Русия, ки забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ ва қирғизиро баланданд, кӯмак хоҳанд кард. Онҳоро аз “бейҷик”-ҳояшон мешавад шиносоӣ кард”.
Дар вилоятҳои назди Маскав бошад, намози ид дар 28 минтақа хонда мешавад, ки миёнашон 6 масҷид, 2 ибодатгоҳ ва 20 ҷои муваққатан ихтисосёфта мебошанд. Оғози намоз аз соати 7:00 то 8:00.
Иди Фитр дар Русия мисли Тоҷикистон 28 июл ҷашн гирифта мешавад.
МАСКАВ. Минтақаҳое, ки дар он намози ид гузошта мешавад:
Масҷиди ҷомеъи Маскав (оғоз 7:00);
Масҷиди ёдбуд (оғоз 6:30);
Масҷиди таърихӣ (оғоз 9:30);
Масҷиди Ёрдам;
Минтақаи Бутови Ҷанубӣ (кӯчаи Бутови Ҷанубӣ, наздикии маҷмӯаи солимгардонии “Изумрудный”. Оғоз 7:00);
Минтақаи боғи 60-солагии Октябр (стансияи метрои “Коломенская”, хиёбони Андропова, оғоз 7:00);
Минтақаи назди қасри варзиши “Москвич” (стансияи метрои “Текстильщики”, хиёбони Волгоград, х. 46/15);
“Павильон № 2” дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Сокольники” (стансияи метрои “Сокольники”).
ВИЛОЯТИ МАСКАВ. Минтақаҳое, ки дар он намози ид гузошта мешавад:
Шаҳри Ногинск, кӯчаи. Южная, х. 35 (масҷид);
Ш. Старая Купавна, кӯчаи дуюми Разина, х. 62 (ибодатгоҳ);
Ш. Наро-Фоминск, кӯч. Володар, х. 123 (масҷид);
Ш. Орехово-Зуево, кӯч. Лапина, х. 28 (масҷид);
Ш. Солнечногорск, кӯч. Екатерининская, х. 7 (масҷид);
Ш. Щелково, кӯч. Советская, х. 10 (масҷид);
Ш. Звенигород, кӯч. Новая, х. 29 (масҷид);
Ш. Балашиха, кӯч. Первомайская, х. 7;
Ш. Коломна, кӯч. Инқилоби Октябр, х. 324;
Ш. Мытищи, кӯч. Ульяновская, х. 53;
Ш. Подольск, кӯч. Высотная, х. 2;
Ш. Подольск, Шоҳроҳи Домодедово, х. 35 (ибодатгоҳ);
Ш. Сергиев Посад, кӯч. Долгокукуевская, х. 52А;
Ш. Электросталь, кӯч. Карл Маркс, х. 7;
Ш. Пушкино, кӯч. Набережная, х. 8 (қасри варзиши “Пушкино”);
Ноҳияи Люберетск, маҳаллаи Малаховка, кӯч. Комсомольская, х. 1А;
Ш. Воскресенск, кӯч. Дзержинского, х. 18;
Ш. Рошаль, кӯч. Фридрих Энгельс, х. 24/78;
Ноҳияи Сергиево-Посад, ш. Краснозаводск, кӯч. Горкий, х. 2;
Ноҳияи Домодедово, маҳаллаи Востряково, кӯч. Клубная, х. 1;
Ноҳияи Дмитров, ш. Яхром, х. 9А;
Ш. Егорьевск, кӯч. 50 солагии ВЛКСМ, х. 9А (маҷмуаи варзишӣ);
Ш. Можайск, кӯч. Отяков, х. 95В;
Ш. Железнодорожный, кӯч. 1 Май, х. 11В;
Ш. Химки, маҳаллаи Клязьма;
Ноҳияи Рамен, маҳаллаи Родники;
Ш. Электрогорск, кӯч. Некрасов, х. 32;
Ш. Лобня, д. 100.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |