Пешниҳоди таъсиси як кумисюн барои қабулу тақсими садақаи Фитр

Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон пешниҳод кард, барои қабул ва тақсими садақаи фитр дар кишвар як кумисюн аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ташкил карда шавад.
Холиқзода зимни як барнома тавассути шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” шоми 24 ба 25 июл гуфт, ташкили чунин як кумисюн аз ҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар барои тақсими дурусти садақаи фитр манфиатовар мебошад, чун масъулини ин ниҳод омору руйхати дақиқи камбизоатонро доранд.
Дар ҳамин ҳол, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки дар ин барнома ширкат дошт аз ин пешниҳоди Холиқзода истиқбол карда, онро ба манфиати кор донист. Абдулқодирзода аз он ибрози нигаронӣ кард, ки бархе аз сокинони кишвар донистаю нодониста садақаи фитри худро ба ҷои фақирон ба афроди дорову имомон медиҳанд. Ӯ дар идома худро ҳамчун намуна мисол оварда, илова намуд, “барои мисол ҳар нафаре ба худи мо ё Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар арафаи Иди фитр хайру садақоте мекунад, ҳамаи онро ба камбизоатони гирду атрофи масҷид мебахшем.”
Ин пешниҳоди раиси Кумита оид ба корҳои дин барои ҷамъоварӣ шудани садақаи фитри мусулмонони Тоҷикистон аз сӯи як кумисюни давлатӣ дар ҳолест, ки Муродулло Салимов - як корбари торнамои “Озодагон” бо ирсоли номае навишта буд, аз онҳо хоҳиш шудааст, то фитри рӯзаашонро ба имоми деҳа бидиҳанд.
Ба навиштаи Салимов, гӯиё ин “хоҳиш”-ро аз раиси маҳаллаи онҳо карда, гуфтааст, ҳатто дар ин бора фармоне низ аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ шудааст: “Дар як деҳаи Файзобод мусофир шудам. Қабл аз намози таровеҳ раиси маҳалла эълон кард, ки тибқи амри ҳукумат ҳамаи сокинон бояд маблағи фитри рӯзаи худро ба домуллои деҳа бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар маҷлиси ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки ин фармон аз “боло” аст. “Фитри рӯза барои як нафар 4 сомонӣ муайян шудааст. Дар як оила агар 4 кас бошад, 16 сомонӣ мешавад”,-гуфт раиси маҳалла ва идома кард, домулло бояд як рӯйхат карда ҳамаи онҳоеро ки фитри рӯза медиҳанд, номнавис кунад: “Ҳама бояд фитри рӯзаро ба домулло бидиҳанд. Домулло рӯйхат карда ба ҷамоат мебарад. Дар маҷлиси ноҳия гуфтанд, ки ин маблағҳоро ҷамъ карда, дубора дар конвертҳо ба деҳаҳо бармегардонем”.
Садақаи фитр ё худ фитри рӯза навъи вижаи хайре дар дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки мусулмононро лозим аст, онро бо поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон анҷом диҳанд. Ҳар сардори хонаводаи мусулмон бояд аз номи худ ва сари ҳар фарди оилаи ноболиғаш миқдори муайяни молро ба унвони “Садақаи фитр” пеш аз рафтан ба намози ид ба мардуми ниёзманд садақа кунад. Бар асоси фиқҳи исломӣ, фитри рӯза ба ҳар фарди мусалмон, озод ва соҳиби нисоби закот фарз мебошад. Тибқи қарори имсолаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон садақаи фитр сари ҳар як инсон новобаста аз синну сол 4 сомонӣ муайян шудааст, вале афроди доро метавонанд, аз ин зиёд тақдим кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |