“Узбекистон хаво йуллари” ҳам аз фазои Украина парвоз намекунад
Ширкати ҳавонаварди “Узбекистон хаво йуллари” тасмим гирифта, самти хатти тамоми парвозҳо аз Узбакистон ба Аврупо ва баръаксро, ки тавассути фазои Украина анҷом мешаванд, тағйир бидиҳад. Гуфта мешавад, гап сари хатсайрҳо ба Лондон, Франкфурт, Париж, Рим ва Милан меравад.
Ҳамчунин, бино ба иттилои расонаҳо, мутахассисон барои хатсайри HY- 741/742 (Тошканд – Киев – Тошканд) низ хатсайри амн муайян кардаанд. Акнун ин хатсайр парвозро тавассути вуруд ба фурудгоҳи “Бориспол” аз тарафи Русия ва Белорус анҷом медиҳад.
Аз ин пеш чанд ширкати маъруфи ҳавонавардӣ аз тағйир додани самти хатсайрҳо бар фазои Украина хабар дода буданд. Ин тасмимҳо дар робита ба ҳодисаи сарнагун шудани Boeing 777-и ширкати Malaysia Airlines дар 17 июл гирифта шуд. Ин ҳавопаймо аз Амстердама ба Куала-Лумпур парвоз мекард. Наздики 300 мусофир ва халабонҳои он ба ҳалокат расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |