Бахшҳо
24 июл 2014 12:01Тоҷикистон / Тема дня

Ёдбуди қурбониёни амалиёти 24 июл дар Хоруғ ва талаби таҳқиқи қазия

Як гуруҳ корбарони фейсбук, имрӯз, 24-уми июл дар дувумин солгарди амалиёти низомии Хоруғ пешниҳод кардаанд, ки дар ин рӯз хотири ҳамаи қурбониёни ин амалиёт пос дошта шавад.

Ин гуруҳ бо баёни мухолифаташон ба ҳар гуна ҷудоихоҳию ифротгароӣ таъкид кардаанд, ки ҷонибдори волоияти қонунанд ва мехоҳанд қазияи хунуни 24-уми июл дар Хоруғ таҳқиқу дастандаркорон муҷозот шаванд. Даъват шудааст, ки ба хотири сарбозону афсарон ва сокинони қурбоншудаи Хоруғ дар амалиёти 24-уми июл имрӯз намоз гузошта шавад.

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли 2012, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд. Агарчӣ ба қавли ин созмон, мақомоти расмӣ теъдоди қурбониёни ин амалиёт аз ҳисоби сокинони осоиштаро ҳамагӣ шаш нафар донистаанд.

Дар маҷмуъ теъдоди қурбониёни ин амалиёт аз ҳар ду ҷониб ҳудуди 40 нафар арзёбӣ мешавад. Дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар Хоруғ моҳи июли соли 2012, аз ҷумла Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.
Мӯҳр
Шохносир
24 июли соли 2012 рузи сиёхи мардуми осоиштаи Бадахшон дар сахифахои таърих хамчун рамзи бади, махалгарои, ноухдабароии баъзе аз рохбарони макомоти хифзи хукук бо номи "Сешанбеи хунин" дарч мегардад. Дар ин рузи шум тамоми мардум бо дуохони, гиронидани шамъи хотира ва пушидани либоси сиёх ёди курбониён мекунанд.

Ismaili
Салом. Илохо чои хамаи курбониён чаннат бодо. Омин.

Может наше слова, чувства, потери не так влияют и действуют из за количества населения на общественность, НО ЗАПОМНИТЕ!!! ТЕ ДЕТИШКИ КОТОРЫЕ В СВОЁМ ПРЕКРАСНОМ И СЧАСТЛИВОМ-ПОЛЬНОЙ НАДЕЖДЫ ВОЗРАСТЕ ровно 2-года назадь пережили такого страшного нападения со сторони "ПРАВИТЕЛЬСТВА" НИКОГДА не забудут даже если оны этого захотят А ОНЫ НАШЕ БУДУЩЕЕ !!!
ЗАПОМНИТЕ ЭТО ДОРОГИЕ НАШИ ГЕНЕРАЛИ!!!
ВЫ ПОСТАВИЛИ ФУНДАМЕНТ НЕНАВИСТИ И НЕДОВЕРИЕ ПОЭТОМУ НЕ БУДЕТ ВАМ ПОКОЯ НИ В ЖИЗНИ НИ ПОСЛЕ СМЕРТИ !!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)