ИМА ба ҷои табиб ба навори Ғазза ҷосусони Исроилро фиристодааст?
Ҳаракати муқовимати исломии “Ҳамос”-и Фаластин мегӯяд, ҳайати тиббии Ҳилои аҳмари Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), ки барои кумак ба навори Ғазза омаданд, ҷосусони Исроил будаанд.
Ба иттилои хабаргузории русии “Ислам Нюз”, ин ҳайати 50 нафарии Ҳилоли аҳмари ИМА баъд аз ифшокории Хадамоти амниятии Ҳамос навори Ғаззаро тарк карда, тавассути гузаргоҳи Рафаҳ ба Миср паноҳ бурдаанд.
Манбаъ мегӯяд, ин табибони ИМА барои ҷамъоварии маълумот, муайян кардани неруи низомии Ҳамос ва ҷойгиршавии таҷҳизоти низомии он ба нафъи Исроил кор мекардаанд. Хабаргузории русии “Ислам Нюз” менависад, бархе аз ин “табибон” кормандони Хадамоти вижаи АМА будаанд.
Дар изҳороти Ҳамос, ки дар робита нашр шуд, аз ҷумла омадааст, “далелҳои кофӣ дорем, ин ҳайати Ҳилоли аҳмари ИМА, ки бо розигии Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Миср тавассути гузаргоҳи Рафаҳ ба навори Ғазза омада буданд, барои Исроил дар бораи неруи низомӣ ва техникаҳои ҳарбии мо маълумот ҷамъоварӣ мекардаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |