АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

Дар пайи як иқдоми хайриявӣ, ки бо ташаббуси радиои “Имрӯз” ва рӯзномаи “ИмрӯзНюз” роҳандозӣ шудааст, беш аз сад нафар сокини маъюби Тоқикистон кумак дарёфт мекунанд.
Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзНюз” рӯзи 24 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, маъракаи тақсимот ҳоло шуруъ шуда, таҳти назорати ҳайати комиссия идома дорад. Ба гуфтаи Нусрат, дар доираи ин иқдоми хайриявӣ, ки 520 нафар сокинони кишвар, аз ҷумла намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ширкату корхонаҳои дохилию хориҷӣ саҳм доранд, наздик ба 120 маъюб кумак карда мешавад.
Назири Нусрат мегӯяд, бар асоси барнома қарор аст, ҳар як нафари аз ин маъюбон тахминан 650 сомонӣ кумакпулӣ ба даст оранд. Инчунин ба 13 нафари онҳо аробачаи маъюбӣ туҳфа шуда, ба 5 нафари дигар, ки барои табобат озими Эрон мебошанд, чиптаи рафту гашт аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии ин кишвар - “ОсмонЭйр” тақдим мешавад. "Дар аввал мо ба ҳар нафар 600 сомонӣ додем, аммо баъдан як нафари хайрхоҳ омада, аз ҳисоби худ сари ҳар нафар 50 сомонӣ изофа кард," - афзуд, мусоҳиби мо.
Бояд гуфт, барои назорати шаффофияти раванди тақсимот ҳайати комиссия ташкил шуда, дар он Исфандиёри Назар, мушовири рӯзномаи "ИмрузNews", Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистии Точикистон ва вакили парлумон, Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири иҷроияи гуруҳи расонаҳои "Озодагон", Зиннатуллоҳ Исмоил, директори Шабакаи телевизионии "СМТ", Кибирё Уроқова, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Шаҳрия Аҳтамзод, шоира ва Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири хабаргузории "TojNews" шомиланд.
Радиои “Имрӯз” ва рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ибтидои моҳи шарифи Рамазон аз як иқдоми хайриявии худ барои кумаки маъюбон дар арафаи Иди фитр хабар дода, аз сокинони дорои кишвар даъват карда буд, дар он саҳм гузоранд. Бори аввал нест, ин радио ва рӯзнома чунин иқдомеро роҳандозӣ мекунанд. Баҳори соли ҷорӣ низ барои кумаки сокинони селзадаи кишвар ингуна иқдом аз сӯи радиои “Имрӯз” ва рӯзномаи “ИмрӯзНюз” роҳандозӣ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |