Даъвати Кабирӣ аз мақомот ва ҷавонони тоҷики муқими Сурияю Ироқ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон аз ҷавонони тоҷик, ки дар нооромиҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, даъват кард, ба ватан баргарданд.
Ӯ шоми 23 ба 24 июл дар маҳфиле бахшида ба Фаластин гуфт, “бо камоли таассуф мегӯям, ки ҳоло бархе аз фарзандони мо дар он минтақаҳо ҳастанду даъвати мо аз эшон ин аст, ки бо ҳар далиле рафта бошанд, ба ватан баргандад.” Раиси ҲНИТ дар шарҳи гуфтаҳояш илова намуд, ҳоло ҷаҳони Ислом гирифтори фитна буда, ҷавонони тоҷик дар ҳар ҷонибе қарор нагиранд, гирифтори фитна шудаанд: “Баргардед, ҷои насиҳату амри маъруф ва наҳйи мункар Тоҷикистон аст.”
Инчунин Муҳиддин Кабирӣ аз мақомоти кишвар хоҳиш кард, ҳадди ақал дар моҳи шарифи Рамазон аз эҷоди маҳдудиятҳо барои сокинон ҳангоми адои фаризаҳои динӣ худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт, “фазои динию маънавиро бозтар кунанд, чун мардум агар ба имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳоло дастрасӣ камтар доранд, ҳадди ақал ба Худояшон дастрасии бештаре дошта бошанд.”
Раиси ҲНИТ ибрози таассуф намуд, ки мақомот бо вуҷуди будани моҳи шарифи Рамазон ба бархе аз мароисмҳо фишор оварда, дар ин моҳ ҳатто масъалаи нарафтани ҷавонони то 18 сола ба масоҷид низ бардошта мешавад: “Хоҳиши мо аз эшон ин аст, ки ин мардуми пурсабру машаққат ва раҳмдили моро дарк кунанду бигзоранд, мардум ҳадди ақал дар ин чандрӯзи ангуштшумори моҳи Рамазон ибодати худро озодона анҷом диҳанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |