Раҳматилло Зоиров ҳимояти Шӯҳрат Қудратовро ба дӯш гирифтааст

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва ҳамзамон раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ҳимояти ҳуқуқӣ аз Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшударо ба уҳда гирифтааст. Худи Зоиров дар тамос бо мо гуфт, ин тасмим баъд аз ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбаш, ки субҳи 23 июл баргузор гардид, гирифта шудааст.
“Дар шӯрои сиёсӣ гуфта шуд, парвандаи Шӯҳрат Қудратов, воқеан, характери сиёсӣ дорад. Аъзои ҲСДТ рух додани ин ҳодисаро, ки сарчашмааш иғво мебошад, тахмин мезаданд. Танҳо Агентии зидди фасоди молӣ ин корашро амалӣ гардонда наметавонист, ба он хотир ки ягон асос надошт. Акнун як сӯҳбати ӯ бо додрасро баҳона карда, ҳамин чизро амалӣ гардонданд”,-афзуд ӯ.
Раиси ҲСДТ мегӯяд, Шӯҳрат Қудратов яке аз аъзои фаъоли Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон буда, аз моҳи декабри 2011 ба ин сӯ муовини ӯ будааст. Вай афзуд, аз рӯзи чоршанбе, 24 июл, ба масъалаи ноибаш дар ҲСДТ машғул шуда, барои озодии ӯ тамоми талошашро хоҳад кард.
Яке аз масъалаҳое, ки аз ҳоло Раҳматилло Зоировро нигарон кардааст, тафтиши хонаи Шӯҳрат Қудратов будааст. “Кормандони Агентӣ ғайриқонунӣ хонаи Шӯҳратро кофтукоб намуда, маблағи дар он ҷо бударо, ки аксарияташ аз худи ӯ нест, гирифтаанд. Маблағҳо ба бародари ҳамсараш, модараш ва падараш тааллуқ доранд”,-афзуд Зоиров.
Шӯҳрат Қудратов, ки тайи бештар аз як сол, ба ҳайси вакили мудофеи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав баромад мекард, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба як додраси Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар дар шарҳи расмии ҳодиса гуфтанд, гӯиё Қудратов барои ҳалли мусбати қазияи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташ ба додрас Шерзод Низомов дуним ҳазор доллар пул пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло алайҳи Шӯҳрат Қудратов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |