Дастури Убайдуллоев барои насби камера ва пешниҳоди нархномаҳо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, дар даромадгоҳи куллия корхонаву ташкилот ва дигар сохторҳои пойтахт, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон, камераҳои назоратӣ насб кунанд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин иқдом бо ҳадафи пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо дар корхонаву муассисаҳо роҳандозӣ мегардад. Манбаъ мегӯяд, Убайдуллоев қарор кардааст, дар баробари камераҳо, ба хотири риояи нархҳо ва шаффофият дар дигар намуди хизматрасониҳо, овезаҳо оид ба нарх ва тарифҳои кору хизматрасониҳои пулакӣ дар даромадгоҳи муассисаҳо часпонда шавад.
Номбурда қайд намудааст, масъулияти насби камераҳои назоратӣ ва овезаҳоро муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ба зимма дошта, аз натиҷаи иҷрои он то 1 сентябри соли равон ба ӯ ахбори муфассал пешниҳод менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |