Рустам Тоштемиров “оперативник” аст, ё сардори зиндони №3/7?

Рустам Шомуродзода (Менглиев), вазири адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, Рустам Тоштемиров -- собиқ раҳбари зиндони рақами яки Душанбе, ки дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода аз мақомаш барканор шуда буд, ҳоло ба ҳайси “оперативник” ифои вазифа мекунад. Шомуродзода аз ҷузъиёти бештари кори Тоштемиров худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “ҳоло ӯ сардори ягон маҳбасхона нест”.
Ин дар ҳолест, ки як манбаъ аз Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия гуфт, ахиран Рустам Тоштемиров сардори Муассисаи махсуси рақами 3/7, ки дар он ҷо кормандони интизомӣ нигаҳдорӣ мешаванд, таъин гардидааст.
“Санҷиш нисбат ба Тоштемировро мақомоти додситонӣ (прокуратура) пеш мебарад. Дар ин ҷо хулосаи прокуратура ҳалкунанда аст. То ҳол нисбат ба ӯ хулосаи дақиқ нагирифтаем. Феълан ӯ дар дигар вазифа аст. Агар ягон мавод ворид шавад, дар доираи қонунгузорӣ чораандешӣ мекунем”,-афзуд ӯ.
Хонаводаи Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, ки ҳангоми адои ҷазояш дар зиндони рақами як даргузашт, маҳз Тоштемировро гунаҳкори аслии марги фарзанди худ медонанд. Онҳо мегӯянд, гӯиё Тоштемиров аз онҳо барои раҳо кардани марҳум аз ШИЗО (утоқи ҷаримавӣ) 2 ҳазор доллар талаб карда, таҳдид намуда будааст, ки дар акси ҳол панҷ сол ба мӯҳлати ҷазои марҳум зам хоҳанд кард.
Аммо пайвандони Икромзода мегӯянд, ин маблағро саривақт дарёфт накарданд ва дар натиҷа тирамоҳи соли 2012 аз зиндон ҷасади фарзандашонро бо осори шиканҷа гирифтанд. Дар пайи даъвои онҳо, Рустам Тоштемиров аз вазифа сабукдӯш шуд, вале ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст. Қаблан додситонии кулли Тоҷикистон эълон карда буд, алайҳи Тоштемиров парванда вуҷуд надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |