Оҷонсӣ мегӯяд, Қудратов барои пешниҳоди 2,5 ҳазор $ ба Низомов муттаҳҳам мешавад
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав”-ро бо нашри иттилоияе шарҳ дод. Ин ниҳод мегӯяд, Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, Қудратов гӯиё ба хотири ҳалли як баҳси додгоҳӣ ба нафъи Амиралӣ Суламаев, зерҳимояи худ, ки дар тақаллубкорӣ айбдор мешавад, ба Шерзод Низомов додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гӯиё 2 ҳазору 500 доллар ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, Қудратов ҳангоми гирифтани маблағ аз зерҳимояаш рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар назди ошхонаи “Шаҳризода”, воқеъ дар шафати бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯи кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.
“Қудратов ба ҳайси адвокат, дар асоси ордери № 000658 аз санаи 9 июни соли ҷорӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои судшаванда – Амиралӣ Суламаевро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки мавриди баррасии судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шерзод Низомов қарор дошт, ҳимоя намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ, Қудратов 2,500 доллар ба сифати пора ба шахси мансабдор, яъне судя Низамов барои баровардани ҳукми сафедкунанда пешниҳод намудааст”,-омадааст дар иттилоия.
Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар мегӯяд, ин вакили мудофеи маъруфи тоҷик ба хотири содир кардани “ҷинояти вазнин” дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |