Чанд рӯз пеш тибқи одати корӣ дар ҳоли мурури ахбори расонаҳо будам, ки таваҷҷӯҳамро ду матлаби мунташиршуда дар сомонаҳои русӣ ҷалб кард. Суроғаи сомонаҳои ёдшуда ба ин тариб аст:
1) https://news.mail.ru/politics/6655240/
2) https://www.utro.ru/articles/2011/08/25/994299.shtml
«Таҳқирномаи Маяк»
Дар матлаби аввалӣ бо такия ба хабаргузории " Интерфакс" шарҳи эьтирози Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиёи "Маяк"-и Русия дарҷ шудааст. Далели ин иқдоми ВКХ ҳам таҳқир ва тамасхуре будааст, ки кормандони ин радио нисбат ба таърих ва мусиқии тоҷикон ва умуман миллати тоҷик раво дидаанд....Яьне боз ҳам муттасифона тоҷикро дар Русия таҳқир кардаанд.
Навиштаи дуввум ҳам, ки аслан дар мазаммати танбалии русҳо иншо шудааст, мавриди дигаре аз таҳқири тоҷикон дар ин кишвари ба истилоҳ дӯст ё чуноне, ки дар замони шуравӣ мегуфтанд " бародари бузург" -ро бозгӯ мекунад.Такрори ин таҳқирборонҳо беихтиёр хотири ҳар дӯстдори миллату ватанро озурда мекунад ва пурсишеро дар зеҳнҳо падид меорад,ки чаро"борон нагузашта боз борон,борон" (таьбири Бозор Собир).
Тибқи навиштаи нахуст хушбахтона ВКХ даст ба иқдоми амалӣ зада, норизоятии тарафи тоҷикро аз амалкарди як бунгоҳи хабарии русӣ баён кардааст. Ин иқдом ба ҳадде таьсиргузор буд, ки тибқи навиштаи хабаргузории «Озодагон» "Маяк" -ро билофосила водор ба узрхоҳӣ аз миллати тоҷик намуд. Агарчӣ узрхоҳии як нафар, ё як идора аз як миллат кофӣ нест ва ин корро бояд мақомоти болотари русӣ анҷом медоданд, вале боз хам лоиқи зикр аст, ки иродаи мақомоти ВКХ дар ҳимоят аз шаьну эьтибори миллӣ дар қиёс ба сустиҳо ва бетафовутии гузаштаи мақомоти пешини ин вазоратхона ва дигар сохторҳои ҳукумати қобили ситоиш аст....
Зарбаи русии 2: «Тоҷикон ҳастанд-мӣ?» ё худ «русский удар»
Ва аммо навиштаи дуввуми манбаи русӣ, ки дар ибтидои мақола қайд шуд, нишон медиҳад, ки таҳқир ва тавҳин ба тоҷикон дар Русия ба як амри фарогир ва маъмулӣ табдил шудааст. Александра Гавриленкова-нависандаи ин матлаб роҷеь ба корношоямии ҳаммилатони худ (русҳо) ибрози назар намуда, воқеаро нақл мекунад, ки агар хақиқат дошта бошад, хеле ҳам такондиҳанда аст. Бонуи рус менависад, ки падараш барои анҷоми таьмир дар бӯстонсарои худ бо як гуруҳи сохтмонӣ аз Нижний Новгород маслиҳат мекунад. Гуруҳи 3 нафараи сохтмончиён пеш аз он ки даст ба кор баранд, чунин савол мекунанд: "Оё тоҷикҳо дар ин маҳал вуҷуд доранд?" Иттифоқан, ҳамон замон яке аз тоҷикҳое, ки дар хоҷагии боғпарварӣ кор мекард, аз он ҷо гузар кард. Коргарони рус ӯро садо зада , чунин гуфтанд: "Тоҷик, эй тоҷик ин ҷо биё…ду тоҷики дигарро ҳамроҳи худат меорӣ ва мо ба ҳар кадоматон 1000 рублӣ медиҳем ва шумо ҳамаи чубҳои дар берун бударо ба дохили ҳавлӣ мекашонед"
Александра Гавриленкова дар идома меафзояд, падарам аз рафтори коргарони рус ибрози норизоятӣ кард ва гуфт, ки инчо фақат барои 2 соат кор ҳаст, яьне манзур ба коргари изофӣ ниёз нест. Аммо эьтирози ӯ натиҷае дар бар надошт. Ҳамин тариқ тоҷикхо кор мекарданд ва русҳо ба нӯшидани оби ҷав идома медоданд".
Бо хондани ин сатрҳо буғз гулӯямро фаро гирифта, то муддате таҳти таьсири нохушоянд қарор гирифтам. Ба худ андешидам ҳарчанд, ки таи солҳои охир бархе барномаҳое аз сӯи ҳукумат ва ҷамиятҳои тоҷикони муқими Русия барои беҳбуди вазьи муҳоҷират рӯи даст гирифта шудааст, аммо онхо кофӣ ва корсоз набудаанд. Вагарна кор ба ин ҳад намерасид..!
Худкардаро даво нест!
То ба ҳол мавридҳои гуногун аз таҳқиру тавҳин ва беэҳтиромии мақомоти баландпояи давлатӣ, парлумонӣ , қудратӣ ва намояндагони расонаҳо ва аҳли ҳунару қалами Русия ба Тоҷикистону тоҷикон ба мушоҳида расидааст. Акнун ба назар мерасад, ки ин ҷараён аз доираҳои хос фаротар рафта, ба таври васеь доман паҳн кардааст. Кор ба ҷое расида, ки ҳатто барои як коргари оддӣ ва танбалу коргурези рус ҳам "тоҷик" чун муздур ва фарди лоиқи истисмор пеши назар меояд ва аввалин нафар дар ин радиф барои қишри ёдшудаи Русия на намояндагони дигар миллатҳо, балки маҳз ҳамдиёрони мову Шумо ба ҳисоб меояд. Камина ин воқеияти талхро чизе ҷуз фарогир шудани таҳқири ҳаммиллатони хеш дар ҷомеаи ба истилоҳ «дӯст ва бародари Русия намедонам ва фикр мекунам, барои ба вуҷуд омадани чунин вазьият ҳама гунаҳкорем. Бале ҳама, ҳам намояндагони ҳукумат , ки солхои дароз ба масалаи муҳоҷират бепарвоёна ва ҳатто метавон гуфт, ки хунукназаронаву бемасьулиятона бархӯрд кардаанду мекунанд, ҳам ҷамьиятҳои фаоли тоҷикон дар Русия , ки аксаран ба гуфтаи худашон аз ҳам пароканда дар доми маҳал гирифтор шудаанд ва муттасифона гоҳо ба ҳам даргир ҳам ҳастанд , ҳам вакилони маҷлис, ки расидагӣ ба умури муҳоҷиринро ҷиддӣ намегиранд (ёдамон нарафта,ки чанд сол пеш парлумони Қирғизистон ба далели лату кӯби 2 муҳоҷири қиргиз дар Русия ба Маскав эьтироз ва мақомоти русиро маҷбур ба узрхоҳӣ кард, аз он пас буд,ки вазъияти қирғизҳо дар Русия рӯ ба беҳбуд овард, аммо намояндагони мо чӣ коре барои қатли Хуршеда Султонова ё Салоҳиддин Азизов ва садхо Хуршедаву Салоҳуддинҳои дигар анҷом доданд?), ҳам ҳизбхои сиёсӣ, ки фақат дар марҳалаи маьракаҳои сиёсӣ ба фикри қишрхои гуногуни ҷомеа, бавежа муҳоҷирини меҳнатӣ меуфтанду баьд онҳоро ба фаромушӣ месупоранд, ҳам бештари аҳли қаламу адаб, ки ба пардохтан ба масалаҳои камарзиш андармон шуда аз руҷӯъ ба масъалаҳои муҳиме чун ғуруру ифтихори миллӣ ва сарбуландиву сарафрозии кишвар ғофил мондаанд, ҳам ходимони дину маориф , ки кори амалӣ барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи имондорӣ ва истиқлолталабӣ анҷом намедиҳанд....дар ба вуҷуд омадани фазои ғуборолуд барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия нақш доранд. Инро ҳам зикр кунем, ки аз гуфта гузаштанҳои холӣ вазь на ин ки ислоҳ намешавад, балки рӯз ба рӯз бадтар низ мешавад. Боз ба қатори тобутҳои сиёҳ ва доманаи тоҷикозориву тоҷикбезорӣ дар Русия ва дигар кишварҳои муҳоҷирпазир афзуда мешавад. Боз..ва боз садҳо бозҳои ногувори дигар!...
Ба қавли кадом доҳие: Ва акнун «Чӣ бояд кард?»
Бо назардошти чунин вазьият ва ба дараҷаи тоқатфарсо расидани мушкилоти муҳоҷирини меҳнатӣ ва авҷи тоҷикситезӣ дар Русия зарур аст, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ниҳодҳои марбут ба муҳоҷирон дар ҳукумат посухгӯи ин ҳама масоил бошанд. Агар курсинишинони ин сохторҳо аз ӯҳдаи ҳифзи манофеи миллӣ намебароянд, бояд бо ашхоси дилсӯз ва масъулиятшинос иваз шаванд. Ҷамьиятҳои гуногуни тоҷикон аз намояндагони дигар миллатҳои сокини Русия ибрат гиранд ва барои ваҳдату короии бештари худ талош кунанд. Фаъолони ин ҷамьиятҳо бояд дарк кунанд, ки обрӯи ҳар як ҳамватан, обрӯи тамоми онхо, обрӯи Ватан ва Миллат аст....
Шоирону нависандагон ва аҳли хунар, ки солҳои сол аз дустии "интернасионалӣ" илҳомашон ба ҷӯш омада буд ва арзишҳои миллиро фидои арзишҳои умумииттифоқӣ мекарданд, акнун бояд ба ҷуброни он ҳама паст задани шаьни бумӣ ва модарии хеш талош кунанд ва илло ояндагон осорашонро ба боди пуч хоҳанд гирифт.
Ҷамьияти "Дӯстдорони Русия", ки чанд соле аст дар Душанбе ташкил шудааст, бояд корҳоеро ҳам барои ҳаммиллатони худ анҷом диҳанд, то ба шумори дӯстдорони Тоҷикистон низ дар Русия афзуда шавад....
Модоме,ки бахши умдаи буҷаи кишвар аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирин таьмин мешавад, беинсофист,ки ба ҳоли ин қишри заҳматкаш расидагӣ сурат нагирад. Дар ин замина лозим ба таъкид аст, баррасии умури муҳоҷират на вазифаву масъулияти сохтори алоҳида, балки як барномаи фарогири миллӣ бошад.
Ба ҷои фарҷом
Хуллас, барои онҳое, ки вожаҳои амсоли Ватан, Миллат, Дин, Забон, Модар, Истиқлол ва дигар муқаддасот барояшон азиз аст бо барномарезӣ, бо фикр, бо қалам, бо сухан ва бо ҳар абзори мумкин даст ба кор шаванд,то раванди пойдории ҳуввият ва обрӯи миллии тоҷикон ва сарбуландии Тоҷикистони азиз дар дохилу хориҷ фароҳам шавад.
Ҳошим Холзода, шаҳри Машҳад{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |