Бахшҳо

Раиси Бонки Миллӣ: “...то ҳол мошини шахсӣ надорам”

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат дар бораи дороиҳояш гуфт, то ҳол мошин ё худрави шахсӣ надорад. “Дар ҳоли ҳозир аз мошинҳои хидматӣ истифода мекунам”,-афзуд ӯ дар нишасти хабарии 22 июл дар Душанбе.

Ҷаноби Ширинов дар идома гуфт, дар маҳаллаи “Калинин” як ҳавлӣ ва дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе як хонаи дуҳуҷраӣ дораду бас. Ӯ, ба ин тартиб, доштани қасру кӯшкҳои боҳашаматро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорон хоста буд, қасрсозиҳоро қатъ карда, сармоягузорӣ ба истеҳсолотро оғоз намоянд. Ӯ, инчунин, дар мулоқот дар Шӯрои машваратии Додситонии кулл дар Душанбе хитоб ба Шерхон Салимзода гуфта буд, то ҷилави кормандонашро бикашад, чун хуб медонад, ки онҳо чӣ кор мекунанд. Ҳатто раиси ҷумҳур ошкоро гуфт, чанд акси хонаҳои боҳашаматро ба Шерхон Салимзода нишон додааст. “Биё, субҳ ба назди бинои додситонӣ рфта мебинем, кӣ бо чӣ мошин ба кор меояд”,-таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Вале баъзе аз мансабдорони тоҷик дар посух ба суоли мо дар ин бора, ки оё қасру кӯшк доранд, ё не, мегӯянд, танҳо манзили дуҳуҷраӣ ва ё хонаи хурдакаке доранд, ки бо хонаводаашон ба сар мебаранд.
Мӯҳр
беном
Э бечораи камбагали камбизоати Абдучаббор Ширинуфе. Ба гуши мардум лапша мезанй а. Аку мегуй ки бойгариву махинатсияхота журналистон намедонанд. Медонанд, ки ту хеши кй хастй. Хатто, каровулхои банк мошинхои хоричй ва дача доранд. Ман як корманди одй. Мошини хоричй ва хонаи дакаданг дорам.

Ггг
Рост мегуяд мошини шахси надорад, лекин як таи 500000000 доллар доштагист

Расул
Рохбари банк шуда мошину дача надошта боши, рохбар нести!. Бехтар тез вазифая холи кун, чун ту мутахассис нести.

КОКА КОЛА
ба гуфти матале ки шунидем:::::: Дар сурате ки дар хона хамеша шири тозаву озода бошад чи хочат барои харидани гови ширдех.

Бовар кунед бародарон хамин мардак рост мегуяд!
Абдучаббор Ширинов дар оилаи раис ба дуне омадааст мактаби миенаро бо медали тилло хатм кардааст рост мегуяд мошини шахси надорад ин ягона шахсест ки писари худро аз вазифа аз бонки милли гирифт ки писараш пеш аз падараш дар бонки милли кор мекарду як мошини ваз 21 06 зард дошт ки худ дар бонки милли кор мекарду падараш низ пасоли точикистон дар амрико буд дар бораи Абдучаббор Ширинову хакикати ин оила харф занем касеро бовари намеояд ва ман дар охир аз озодагон хохиш мекунам ки дар бораи ин шахсият хакикати холро бо хонандагон пешкаш намо биср хуб мешуд дар чигуна оила ба воя расидану дар бораи падару бародаронаш ки дар кадом сатх буданду дар кадом сатх карор доранд.хело хохиш ки дар бораи ин шахс малумоти хакики аз дилу вичдони пок пешкаши хонандагон намоед))

Шухрат
Бечора Ширинов одами камбизоат будаст. Аз хамаи хамватанон хохиш мекунам дар ин мохи Рамазон закоту фитри рузаро ба ин мансабдорони камбагал дихед.

Бачаша ай кор гирифт баъдb эроди ЧО. навбати хешу тавораш шудестай. Ту бо хами навиштаги худи раис банки милли набши мухтарам Ширинуф худта оправаться кардестай дар корат худта нишон бте уже поздно асту? мошини хизматира барои истифодаи шахси междупрочим чавобгари дора!

Расул
Хисрав, гап дар бораи одами хуб намеравад. Гап дар бораи мутахассис будан меравад. Маънои банк ин аст, ки як сумро ту коре карда 2 сум куни, яъне муассисаро бой куни, то ки ба давлату чамъият фоида биёрад. Ин мардак на инро кардаасту, на...

Рост аст ки рост Ширинов дуруг намегуяд вале агар як чурате пайдо карда хамин рохбарони бонкхои милии минтакахоро аз вазифахо сабукдуш мекард бехтарин икдом дар ичрои дастурхои ЧО мешуд Ин рохбарон дар минтакахо солхои зиед бонки милиро азширкатхои шахси фарк накарда корашон аз дуздии амволи давлат исрофкори беназми хешу табори чурабози махалгарои поймолкуни ва нодидагирии назорати конуну низомномахои бонки милли мебошад Бошад ки Олох ба Ширинов як чурате тияду ин кори хайро анчом дихад чи микдор чойхои кори ва рох ба мутахасисон дар бонки милии минтакахо то 80 90 фоиз аз хешу таборон ва чураю хамсояхои ин рохбарон иборат мебошанд

Расул,якум ширинов бисер мутахасиси арзандааст аз ин болохо меарзад бисер марди босаводу кордон хаст ва дувум ин ки бонки милли аз дигар бонкхо фарк дорад дар масалаи як сума ду сум карданда

точик ай америкв
Ей бародаро 2 бачаш дар америка мехона дар точикисто хонаю мошин надораю наке дар америка прсеншаку бачахош чихели мошинкати мегарда

Култочик
Ха,ха,ха!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!Хандаи буз дар шаби махтоб!

1
Не верится почему та?

Банкир
Як велосипед харида тием чи? Охир ин донохо ёд гирифтаанд чигуна сармояи худро химоят кунанд чун одати ин хукуматро медоанд, як мансабдор каме доро шуд ё сохиби ягон бинои калон зуд давлати карда ба хисоби худашон мегузаронанд. барои хамин ин хам як махорати чархондани сармоя аст албатта раиси банк танхо не, хамам мансабдорон аз ин махорат бархурдоранд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)