Ҳалокати чор нафар дар пайи чаппа шудани як "Опел" ба дарёи Панҷ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз вуқӯи як садамаи маргбори нақлиётӣ бар асари сарорез шудани автомошина дар дарёи Панҷ хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ Беҳрӯз Баҳромови 32-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш АВ 00-29 РТ 01 дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ дар километри 553 аз ӯҳдаи идора нақлиёт набаромада, автомашинаро ба даруни дарёи Панҷ чаппа кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа се мусофири ин автомошина, Одил Мухторови 25-сола, Васила Сардороваи 64-сола ва Лола Соқиева 32-сола ҳамроҳ бо ронанда, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ванҷ мебошанд, ғарқ шудаанд.
Вазорати умури дохилии кишвар дар идома гуфтааст, ҳоло танҳо ҷасади Лола Соқиева пайдо шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |