1 сентябр. “Срок”-и охирини додаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба...
Маҳмадсаид Убайдуллоев -- раиси шаҳри Душанбе бори дигар аз нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт изҳори ташвиш карда, масъулонро муваззаф сохтааст, барои пешниҳоди нархҳои дастрас ба сокинон дар Иди Фитр чора биандешанд. Оқои Убайдуллоев ин масъаларо дар ҷаласаи рӯзи 21 июл баррасӣ карда, инчунин, аз таҳлили рақамҳои оморӣ дар бораи таносуби нархи баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалия норизоӣ намудааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ ба Бурҳон Назаров -- муовини соҳавии худ, Сайфулло Амонов -- сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо ва кулли директорони бозорҳои коммуналии шаҳр то 1 сентябри соли ҷорӣ муҳлат додааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев барои беҳтар гардидани вазъи бозорҳо бори дигар ширкаткунандагони ҷаласаро ба имону нисоф даъват намуда, дастур додааст, қабл аз Иди Рамазон дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо ва бозорҳои коммуналӣ фурӯшҳои ярмаркавии маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардад. Манбаъ мегӯяд, раиси шаҳр гуфтааст, барои аз байн бурдани сохторҳои беасоси миёнарав, ки яке аз сарчашмаҳои болоравии нархҳо мебошанд, фаъолияти тамоми нозирони минтақавӣ ва духтурони санитарию байтории беш аз 5 сол дар як бозор фаъолияткунанда таҷдиди назар карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |