Бахшҳо
22 июл 2014 14:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

ВКД дар бораи сӯхтори маркази тиҷории "Шаҳбоз" дар бозори Саховати Кӯлоб

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раҳбарияти маркази савдои “Шаҳбоз”-ро, ки дар ҳудуди бозори “Саховат”-и Кӯлоб воқеъ аст, дар сӯхтори нимашаби 22 июл муқассир медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ин сӯхтор дар ҳоле рух дода, ки борҳо барои пешгирӣ аз чунин вазъ ба раҳбарияти маркази савдо “маслиҳат”-ҳо дода будаанд.

Бар асоси иттилоияе, ки Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи сӯхтори бозори “Саховат” нашр кард, нисбат ба Рашид Ризоев, раҳбари маркази тиҷории “Шаҳбоз”, моҳи январи соли ҷорӣ “барои вайрон ва иҷро накардани чорабиниҳои бехатарии зидди сӯхтор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст”.

“Инчунин, нисбат ба 10 соҳибкори маркази савдои “Шаҳбоз” протоколҳои маъмурӣ тартиб ва ба маблағи 1200 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, 1 нуқтаи савдо ва 4 нуқтаи барқие, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд аз манбаи барқ ҷудо карда шудааст”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои хомӯш намудани сӯхтори нимашаби 22 июл дар маркази савдои “Шаҳбоз” 18 мошини оташнишонӣ, 2 мотопомпаҳои қисмҳои оташнишонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва 4 мошинҳои обкаши шаҳри Кӯлоб сафарбар шудаанд. Ба иттилои манбаъ, масоҳати умумии сӯхтор 965 метри мураббаъ будааст, ки беш аз 90 нуқтаи савдоро фаро мегирад. “Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар мағозаи маркази савдои “Шаҳбоз” мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.

Давоми 7 моҳи охир ин бори дуюм аст, дар ин бозор сухтор ба амал меояд. Ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ низ қисми зиёди ин бозори шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд. Он замон ҳукумати шаҳри Кулоб сабаби ба амал омадани сухторро расиши ноқилҳо дар яке аз нуқтаҳои фурӯш арзёбӣ карда буд. Дар пайи сухтори моҳи январи соли ҷорӣ 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зиён дида, ба 668 соҳибкори бозори “Саховат” дар ҳаҷми 2,8 миллион сомонӣ зарар расондааст. Баъди ду моҳи пас аз сӯхтор бо харҷи 3 миллион маблағи “Тоҷикматлубот” таъмиру навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Мӯҳр
барои чи факат бозорхои либосаву дигар махсулотхои кимат месуза ин хамаш дуруг аст медуздан бад алов сар метан бояд ахранош ба чавобгари кашида шава

Чаро свет бозорои дигар давлатро намесузона танхо аз точикистон месуза чаро шабо месуза руз не?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)