Бахшҳо

АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона

Шабнами Сурайё, хонандаи шинохтаи попи тоҷик, ҳамроҳи духтараш -- Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафтааст.

Ин хабарро худи Шабнам бо гузоштани акси якҷояашон, ки бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд, дар саҳифаи Фейсбуки худ тасдиқ кард. Ӯ тақрибан 9 соат қабл дар ин саҳифааш навишт, “Муборак барои ҳамаи мо. Ҳаҷ кардем, ҳоҷибибӣ шудем”.

Акси якҷояи Шабнаму духтараш ва Бибирӯзигулу Фарзона то ҳоло шумораи зиёди “лайк”-ҳоро гирифта ва зери он шарҳҳои зиёде ҳам навишта шудааст. Аксари шарҳнависон Шабнамро табрик намуда ва қабули Ҳаҷҷи ӯро талаб кардаанд.

Шабнами Сурайё духтари Сурайё Қосимова буда, дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ҳаводорони ӯ дар хориҷи кишвар ҳам кам нестанд. Баъд аз Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз аввалин хонандаҳои тоҷике буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳо баргузор карданд.

Ба зиёрати хонаи Худо рафтани Шабнаму хоҳараш Фарзона дар ҳолест, ки ахиран матолиби интиқодие дар расонаҳо перомунашон нашр мегардид. Аз ҷумла бо русарӣ иҷро кардани таронаҳои шух ва пешниҳоди як клип бо иштироки рақосаҳои нимаурён мавҷи танқидҳоро зиёд карда буд.


АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона


АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона

АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона
Мӯҳр
Муслим
Худован хидоят намояд, агар хидоят ёбед бехтарин агар не ............ боз номи хочихоро паст мекунед.

Ҳайрон
Аҷиб. Баъди омаданаш дар саҳна чӣ гуна сурудҳоро месароида бошад? Либосаш тағйир меёфта бошад? Вой бар ҳоли ҳоҷиён, ки баъди омадан усул дигар нашавад, зеро номи ҳоҷиро мегирад.....

.
Ана хамин аст табармусулмони.

Омин
Шукри Худо, ки Хочи шудиян., Баъд аз зиёрати хонаи Худо, суруд хонишона давом медодабошан? Бехтар суруд сароира бас кунед!!

Баходур аз Кулоб
Хар агар Макка равад омада мулло нашавад.

Точик
Агар инхо дар зиерати Хонаи Худо аз кардахои худ пушаймон шуда тавби насух карда бошанд, ва баъд аз баргаштани он чойхои Мукадас мисли Маликаи Саидзод пурра тарки сахнаву хофизи кунанду бо ягон кори халол машгул шаванд, амали бехтарин мешавад ва Худованд хаммаи гуноххояшонро мебахшад, аммо оянду боз хамон нагмаву усул, наузамбиллох гуе масхара кардаанд ва дар лаънати Худованд гирифтор мешаванд. Боки Худо доност.

Хочи
Худо кунад ки мисли апаи Малика шаванд,агар не, пас бояд аз ин ба баъд хар ки номуси точикиву мусалмони дорад дар консетхояшон ширкат накунад, албатта холо интизор намеравад ки инхо дуруст шаванд, вале хидоят дар дасти Худованд аст.

Фатхуло
Харо бурдан Маккаву Мадина хамон дароз гуши кадимина!

Озод
Бигзор баъд аз хочи шудан низ сароянд.факат одоби шаркиенаро риоя кунанд шуд.

Аз галат холи набошад хеч кас ! Хати такдир аст холи аз галат ! Худоованд хидоятгару рохнамои бандагонаш аст ! Шояд вакту соаташ фаро расида бошад ,ки хохарон зиёрати хонаи Худоро пеш гирифтаанд. Бокимонда аз иродаю имони комил доштанашон вобаста аст ! Муборак бошад ба Шумо зиёрати хонаи Худо

курут
садкаи хочибиби шавед.

КорнФлейкс
Бародар Баходур аз Кулоб],
Худо кунад, ин масали халқӣ ин дафъа хато барояд.

Хари Исо (а) хач рафт омад неки хамун хар монд.

Дируз
Булутуз махкам шид ахир )))))) Мурдан кариб омадаааааа??????

шараф
хеч боварам намеояд ки Шабнаму фарзона ба зиёрати хонаи Худо рафта бошанд! хай худованд танфик дихад !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)