«Суман» ва «Ҳафт Пайкар», ду ширкати ҳунарҳои дастии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии «Ethical Fashion Show» (намоишгоҳи ҳунарҳои зебо) ба Париж роҳхат гирифтанд.
Дар ин бора Сайидмӯъмин Камолов, сарвари дафтари Макази байналмилалии тиҷорат (МБТ) иттилоъ дод. Бино ба қавли номбурда, дар намоишгоҳи мазкур «Суман» ва «Ҳафт Пайкар» либосҳои миллии тоҷикон, гулдӯзиву зардузӣ ва дигар маҳсулоти миллии худро дар чаҳорчӯби яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои Аврупо, ки дар пойтахти Фаронса аз 1 то 4-уми сентябр баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд. Ин сафар дар доираи пружаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Ҳафт сол қабл дар нахустин фестивали EFS ҳамагӣ 20 тарроҳи мӯд иштирок карда буд. Дар соли 2010 ин намоишгоҳ мизбони тақрибан 100 тарроҳи мӯд аз саросари Аврупо буд,-афзуд манбаъ. Бойиси тазаккур аст, ки ин намоишгоҳи касбӣ дар маркази Аврупо сурат мегирад ва дар он аз саросари ҷаҳон маҳсулоте, ки бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ ва муҳитзистӣ истеҳсол шудаанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.{jathumbnail off}
Мӯҳр