Рамзан Қодиров Исроилро дар терроризм алайҳи фаластиниҳо муттаҳам кард
Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон ҳамлаҳои Исроил ба сарзаминҳои ишғолии Ғазаро, ки сабаби марги садҳо сокини осоиштаи Фаластин гардид, шадидан маҳкум кардааст. Бино ба иттилои расонаҳо, Қодиров ҳамчунин Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро дар “бефаъолиятӣ” нисбат ба ин қазия муттаҳам кардааст.
“Дар Фаластин боз хун мерезад. Аз бомб ва снарядҳои Исроил одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Исроил кӯдакон, занҳо ва солмандонро мекушад”,-навиштааст президенти Чеченистон дар Инстаграм.
Рамзан Қодиров ба хонавода ва наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён намуда аз ҳама даъват ба амал овардааст, ки аз мардуми Фаластин пуштибонӣ кунанд. “Дар ин моҳи мубораки Рамазон аз ҳамаи шумо даъват мекунам, барои барқарории сулҳ дар Фаластин дуо кунед! Ҳамчунин аз раҳбарияти Исроил даъват мекунам, ки ҷанг алайҳи мардуми Фаластинро қатъ намуда, роҳи осоиштаи ҳалли низоъро пайдо созанд”,-илова кардааст ӯ. Дар идома аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро барои наандешидани ҳеч чора гилла кардааст, дар ҳоле ки ба гуфтаи вай “амали Исроил терроризми давлатӣ аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |