Бахшҳо

(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи боздоштшудаи тоҷик, баъд аз анҷоми тафтиши маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”-и пойтахт гуфт, аз касе пора нагирифтааст. “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтаам”,-афзуд ӯ.

Қудратов аз ин зиёд суҳбат карда натавонист, чун маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ӯро ба мошина шинонда бурданд. Вале манзури ин вакили мудофеъ аз он ки аз касе пора нагирифтааст, чӣ буд, то ҳол норӯшан аст. Яъне, ӯ барои гирифтани пора муттаҳам мешавад, ва ё пешниҳоди пора. Чаро ки қаблан масъулони Оҷонсӣ гуфта буданд, Шӯҳрат Қудратов барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Душанбе муттаҳам мешавад.



Боздошти Шӯҳрат Қудратов, вакили дувуми Зайд Саидов

(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов - раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” рӯзи 21 июл аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар боздошт шудааст. Як манбаи наздик ба ӯ гуфт, мақомот Қудратовро ба иттиҳоми пешниҳоди “пора” ба яке додрасҳои шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.

Манбаъ афзуд, маъмурон ин вакили мудофеъро дар маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, боздошт намуда бурдаанд. Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар низ ин ҳодисаро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ӯ аз сӯи гуруҳи зудамал боздошт шудааст.

Ин дувумин вакили мудофеи Зайд Саидов мебошад, ки аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ боздошт мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, низ боздошт шуда, мақомот ӯро барои қаллобӣ ва напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.

Шӯҳрат Қудратов замоне боздошт гардидааст, ки охири ҳафтаи гузашта як номаи ӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва расонаҳои дохилу хориҷ дастрас шуда, дар бораи парвандаҳои Зайд Саидов баҳс мекунад. Оқои Қудратов дар номаи худ, ки 19 саҳифа замима низ дорад, тамоми парвандаҳои алайҳи нафари таҳти ҳимояташро беасос ва сиёсӣ хонда, аз созмонҳову сафоратҳо ва расонаҳо хоста буд, ба мушкили Саидов расидагӣ кунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, нафари таҳти ҳимояташ маъюб буда, вазъаш дар боздоштгоҳ нигаронкунанда аст.

Гузашта аз ин, моҳи июни соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баҳси Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и таҷовуз дар парвандаи Зайд Саидов, бо Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳал карда, вакили мудофеъро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф карда буд. Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд.


(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”

(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”
Мӯҳр
Капаш дуд кард бечора сагираи гариба!!

ба порадихи ва е порагирии ин шахси адолатхох акли солим бовар намекунад, ин подстава аст. маълум. худованд ин марди адолатхохро зери панохаш гирад. Омин.

Аловуддин
садбор гуфтум, ки бача зунукта бигир ..

зунуката гир мегуи, о хама гусфанд шуда наметавонад.

Аслидин
Худованд бародари мора дар панохи худат нигах дор ва аз зери зулм паноха кун Омин

Боз як бедодигари беадолати номардии номардон нисбати яке аз хукукшиносони варзида Бародарам Шухрат Кудратов ки талош дорад хакикат пойдор бошад адолати суди пойдор бошад бо сохтакори .ки гуё ба намояндагони макомоти кудрати пора дода бошад дастгир шуд ин хамон ходисахои соли 1937 мебошад .ки дер амал нахохад кард ин бародарам низ яке аз курбонихои сиёсат мебошад Аллох кавми золимро халок гардонад омин...... агар гап дар бораи пора гирифтану пора додан гап равад ман бо боварии10000000% гуфта метавонам ки хамаи намояндагони макомоти давлати аз Вазираш сар карда то фаррош порахуранд зеро бо он мохонае .ки онхо мегиранду зиндаги доранд барои ахмоктарин маълум аст ,ки ин хонаи бисёру мошинхои киммату сару либоси шинаму телефонхои мобилии кимматро барои дастрас намудан мохонаи 1000 мох намерасад ин хамааш аз кучо чавоб бо рохи порагириву порадихи ин система худ талаб дорад ,ки пора дихиву пора гири зеро аз рузи таваллуд то дами марг пора мегириву пора медихи агар на корат намешавад барои хамин хар вакте мешунавам .ки касе бо гирифтани пора дастгир шудааст хандаам меояду ба худам мегуям ин шахс ба касе дигар даркор нашудааст ё ба касе аз зинахои болои халал расонидааст ва илло дастгир намешуд .Бародарам Шухрат озурда набошед зулм ситам умраш мисли умри номарди чавонмарг мебошад зуд аз байн меравад .Боздошти Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд СаидовИмрӯз, 13:33Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов - раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” рӯзи 21 июл аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар боздошт шудааст. Як манбаи наздик ба ӯ гуфт, мақомот Қудратовро ба иттиҳоми додани “пора” ба додрас дастгир кардаанд.
Манбаъ афзуд, маъмурон ин вакили мудофеъро дар маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, боздошт намуда бурдаанд. Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар низ ин ҳодисаро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ӯ аз сӯи гуруҳи зудамал боздошт шудааст.
Ин дувумин вакили мудофеи Зайд Саидов мебошад, ки аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасод боздошт мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, боздошт шуда, мақомот ӯро барои напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.
Шӯҳрат Қудратов замоне боздошт гардидааст, ки охири ҳафтаи гузашта як номаи ӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва расонаҳои дохилу хориҷ дастрас шуда, дар бораи парвандаҳои Зайд Саидов баҳс мекунад. Оқои Қудратов дар номаи худ, ки 19 саҳифа замима низ дорад, тамоми парвандаҳои алайҳи нафари таҳти ҳимояташро беасос ва сиёсӣ хонда, аз созмонҳову сафоратҳо ва расонаҳо хоста буд, ба мушкили Саидов расидагӣ кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, нафари таҳти ҳимояташ маъюб буда, вазъаш дар боздоштгоҳ нигаронкунанда шудааст.

Инсоф
ман ин одамро намешиносам, аммо мутлақ ба ҷурми у бовар намекунам, одним словом зулм аст ин кор.

Бегайр аз панд
Чи лозим шитобкори. Сабр бояд намуд, то ки макомоти дахлдор сухани худро гуяд. Албата, ягон асосе дар даст доранд. Так просто ничего не происходит.

Абдували.
[b]Бегайр аз панд[ М.Искандаров чи гуноҳ дошт,Зайд Саидов чи гуноҳ дошт ,ки имруз ту аз ин ҳукумат асос ё воқеиятро интизор ҳасти ,биё мо ҳаму панду насиҳататро хуб мешуд дар тафакуру ислоҳи ақида в озодандешии худ заҳмат мекашиди то сиёҳро аз сафед фарқ мекарди.

рэмбо
Ин хукумат кори муллохоро ба анчом расонида бошад,ки боз даст ба озодии хукукшиносони адолатхох задааст...

Чи хта зур мегири Худои хта бугу биши
Ба сиёсат кор гирифти ана мебини.

Точикак
Хар як зиндонии сиёси як теша ба решаи хукуматдорон аст, ки тули таърих садхо маротиба исбот шудааст. Магар ки ба кавли русхо сиёсихо "критическая масса" шаванд ана баъд каппа дуд мекунад. дигар гуфтанд ку "аз мост, ки бар мост". Ин бародар 100х100% бегунох аст.

Ismaili
Салом. Гурбаи Зайд Саидов дар озоди аст, уро низ дастгир мекунед?

Яъкуб.Душанбешахр.
Ин режим худ дар ларза афтода чи кор карданашро намедонад.Яке чодугаронро боздошт карда муллову рухони эълон медорад яке хукукшиносу шахсиятхои шинохтаро.
Дар чахон натвон агар мардона зист,
Хамчу мардон чон супурдан зиндагист.

Курбон
Ана ба ин мегуянд адолат!
Очонсии зидди фасод не, очонзии зидди адолат бояд гуфта шавад.
тамоми кори ин саркуби мухолифон шудаст ку. Авал каме зик шудаму бад фикр кардам ки хуб мекунед кардан гиред.
Хамихел кадан гиред мардум мефахман ки шумо кистед.
Шумо агар аз мардум натарсида инкорора касдан кардеста бошен бдонен ки дар Тунис хам як чавони сабзичотфуруш аз зулми полис инкилоберо рох андохт ки бин Али дарбадар шуд.
магрури бад набошед шумо хам зуртар аз бин аливу кадафи нестед.Mahmadullo,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)