Бахшҳо
21 июл 2014 13:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сафари Раҳмонов ба Олмон ва мушкили маошгирии омӯзгорон

Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, иддаои як гуруҳ аз устодони ин муассисаи олии таълимиро дар бораи дарёфт накардани маоши якмоҳа ва пули рухсатии меҳнатияшон тасдиқ кард. Ҷаноби Раҳмонов дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори мо гуфт, ин мушкил дар пайи сафари хидматии ӯ ба Олмон иттифоқ уфтода, ҳоло ҳал шудааст.

“Дирӯз (20 июл) аз сафари хидматӣ баргаштам ва ба кор омада, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани маош имзо гузоштам. Рӯзи чоршанбеи 23 июл тамоми омӯзгорон маош ва, инчунин, пули рухсатии меҳнатияшонро мегиранд”,-шарҳ дод Раҳмонов. Ӯ афзуд, бар илова ин, ба омӯзгорон аз ҳисоби меваю сабзавоти боғи Донишгоҳ, ки дар Ромит воқеъ аст, кумак хоҳанд кард.

“Маҳсулот ба кормандони камбизоат, бешавҳар, фаррошон, ятимон ва барҷомондагон бепул дода мешавад. Аммо барои дигар омӯзгорон 50 дарсад тахфиф (сабук) мешавад. Ҳамаи ин маҳсулот аз қабили себ, олу, шафтолу ва картошка дар боғи Донишгоҳ парвариш мешавад”,-афзуд Абдуҷаббор Раҳмонов.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 21 июли соли ҷорӣ гуруҳе аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба унвонии “Озодагон” нома фиристода, хостаанд, ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, маоши моҳи июни худ ва, инчунин, пули рухсатии меҳнатияшонро гирифта наметавонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин гуруҳи омӯзгорон, дар пеш Иди Фитр асту онҳо барои харид маблағи кофӣ надоранд.
Мӯҳр
Омурзиш
Ба назари ман хар як кадами Устод Абдучаббор Рахмона ин расонахо фиксировать мекунанд. Дигар Вазиру, Ректор нест дар Точикистон.

Ченгчуни
садка, хуб карди аз хаку хукуки омузгорон Олмон рафти, мегум немисира ёд гирифти, бояд худта сафири Олмон мемонданд, зеб дошти, ин маликшоро дар расми супоридани эътимоднома дидум дар танаш либосхои ранга , саруш кал ва дур аз масоили дипломати, кишвари моро шарманда кард.

ин ректорон ба хар бахонае маоши бечора муаллимонро як руз хам бошад мехоханд дертар диханд. Худашон аз фоизи бонкие, ки шартнома доранд фоида мебинанд. Набошад Рахмонов вазир кор карда, наход надонад,ки дар вакти сафар кардан ё ба истирохат рафтани сардорони пулдор... яке аз ноибонашонро хамчун ичрокунанда мондан лозим.... барои як ректори Рахмонов барин кормандон мачбур шуданд ба ВАО мурочиат кунанд. Ин шармандаги аст.....

шох
Акаи Абдучаббор марди бузурги, мехнаткаши!!! Мо, бадахшонихо бо Шумо дустем ва эхтироми зиёд дорем

Як ректори дигаш дар кулоб аст ки бесаводи зиёде дар гирдаш мушавирчахои зиёдеро чам овардааст,ки хар нафас ба изати нафси омузгорон мерасанд хар ками онхо хисоботи солона мепурсанду намедонанд ки хисоботаш чи аст ва аз як лав бо хабаркаши ба ректор рухсатии мехнатии мудиони кафедрахоро хат мезананд намедонанд ки хангоми рухсати хар як кафедра хисоботи солона месупорад.

Бале чои Абдучаббор Сафир дар Кобул ё Маскав ваё Олмон буд.Ин соддаи захматкаш додану гирифтанро ёд нагирифт.Ба кадри Абдучабор акнун баъди як ду сол вакти чанозаи маорифи кишвар мерасем.Маориф,дони,илму хунарро Нуридин Саидов ба чарогои Чолтов баробар кард.

Ustodi DDOT
Barnomai Tempus baroi ustodoni donishgoh ast na baroi Rektoroni donishgoh! muhtaram Abdujabor Azizovich!

Кандта зан бача худут дигаи акаи Рахмон Олмонда чи кор кади ту ягон чи гум кади мегум бача

Озодагон, маколахои Шумо ба монанди хамон зани ранчида менамояд!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Дигар дар Точикистон шахс нест?????? Ба фикрам хамон мухбире ,ки аз Рахмонов барои диктанти журналистон бахои ду гирифтааст, то кунун посбони дари Донишгохи омузгори аст. Акалан аз шахсоне ,ки барои паст задани нуфузи Рахмонов пул мегиред ,хамон саги дахони дари Донишгохро ягон пул дихед. Шояд дигар ягон рохи касос гирифтан надоред.

Ин журналисти аблах фикр мекунад ,ки бо чунин тарз нуфузашро баланд мебардорад ва дигаронро паст мезанад,аммо хатто мекунад. Барои он, ки дилхох шахс медонад, ки ин маколаи заказной аст. Набошад дар дигар донишгоххои кишвар гуё мушкили нест ва Донишгоххо хама бе сохиб мондаанд.

Ба рости ин макола такя ба мушкили нею, такя ба паст задани нуфузи шахсият нигаронида шудааст.

Аз чунин журналистони харомхур ба рости шармам меояд.

Нақле ҳаст, ки вақте Аллоҳ Таоло ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон қудрату ақлу дониш додааст, ба тоҷик чӯби ғафс додааст, то ҳамдигарро бизананд. Абдуҷабборро дар Вазорати маориф заданду заданд. Оқибат чӣ шуд? Дигаре омад, ки Абдуҷаббор пеши ӯ фариштае буд. Воқеан, вазири маориф Нуриддин Саидовро худи Абдуҷаббор "тарбия" карда буд. Охир ҷои худашро гирифт, ҳазар накард. Дигар кас мешуд, мегуфт: "Не, ба ман ҷойи устод мамнуъ бод!" "Сағерапарварии" Абдуҷаббор рӯзе ба сараш бало меорад. Ин мардум на ба сардӣ тоқат доранду на ба гармӣ.

Ин Озодагонро ба фикрам дигар клиенташ барои сиёх кардан намондааст ,ки факат аз кафои Рахмонов мегардад то ин, ки кай боз як компрамати дигар пайдо мекунанд. Маколахои Озодагон як бори дигар далели он аст, ки дар ин сайт ягон профессионал вучуд надорад то ин, ки аз маколахои мухбирони онхо ягон шахс гизои маънави гирад. Хама мутахассисони хасаки нишастаанд. Бо чунин корхо обруи надоштагиатонро хам резондед. Як маротиба акалан барои нуфузатон бояд фикр кунед !!!!!!!!!! Маколахои Озодагон ба монанди суханхои занхои лаби об ва ...................аст

Э ин малимора сад сол маош натиям намемуранд ай гушнаги ..
Порае, ки тестора мегиранд имтихонода мегиранд мераса хурокашонда..
70% савод хам надоранд бовар кунед ман сеюм курс мехонам профессор меоя бесавод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)