ВИДЕО: “Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт”-и Қаноат ва аҳсангӯии Хоманаӣ
Дар ҳошияи ҳамоиши шоирони форсизабон, Муъмин Қаноат ва Фарзона -- шоирони маъруфи тоҷик бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби Эрон, мулоқот карда, чанд мисраӣ аз ашъори худ низ қироат кардаанд.
Муъмин Қаноат дар ин дидораш бо раҳбари инқилоби Эрон шеъри худ бо номи “Насими форсӣ”-ро қироат намудааст:
“Аз Халиҷи Форс меояд насими форсӣ,
Абр аз Шероз меояд, чу сими форсӣ.
Дур(р) аз ин дарё намеҷӯям, чу дур уфтодааст,
Яз таҳи дарё таҳи ашки ятими форсӣ.
Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст,
Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими порсӣ.
Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт,
Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ...”
Нахустин ҳамоиши байналмилалии шоирони форсизабон аз 14 то 16 июли ҷорӣ дар Эрон баргузор шуда, дар он шоирони порсигӯи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Русия иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши шоирони форсизабон Мӯъмин Қаноат, Фарзона, Озарахш, Толиб Карим ва Муҳаммадалии Аҷамӣ намояндагӣ доштанд.
Мусавии Гарморӯдӣ, шоир ва раҳбари пешини Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ҳаммнги суханронии худ дар ин ҳамоиш аз Мӯъмин Қаноат ёд карда, гуфтааст, ӯ бахши умдаи умри худро ба фаъолиятҳои адабӣ бахшидаасту метавон аз ин шоири тоҷик ҳамчун падари шеъри форсӣ дар Тоҷикистон ном гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |