Бахшҳо
21 июл 2014 10:17Тоҷикистон / Сиёсат

Ду дӯкон ва талаби 20 000 сомонӣ ба ивази бинои вайроншудаи ҲНИТ

Масъулони ҳукумати ноҳияи Панҷакент бар ивази бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа, ки аз сӯи мақомот қисман тахриб шуда, баъдан пурра баста шуда буд, нуқтаи тиҷориро дар бозори “Деҳқон”-и ноҳия пешниҳод кардаанд.

Ба иттилои торнамои расмии ҲНИТ, масъулони ҳукумати Панҷакент гуфтаанд, “азбаски бинои тахрибшуда дар гузашта дӯкони тиҷоратӣ буд ва ҳоло пардохти зарар ҳам дар ҳамин асос сурат мегирад.” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Панҷакент бо пешниҳоди ду нуқтаи тиҷорӣ дар бозори “Деҳқон”-и ин ноҳия бар ивази бинои дафтараш инчунин пардохти 20 ҳазор сомониро низ талаб кардааст.

“Барои ин ду дӯкон аз мо пардохти наздик ба 20 ҳазор сомонӣ тақозо мешавад. Агар маблағи дӯконҳои навро пардохт намоем, пас, ҷуброни зарар аз ҷониби ҳукумат аз миён меравад, чун дӯкони нав харидорӣ мешавад”,-гуфтаанд онҳо.

Бинои дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Панҷакент ба далели наздик будан дар канори роҳ аз сӯи мақомоти интизомии ин минтақа қисман тахриб шуда буд. Масъулини бахши ҲНИТ дар ин ноҳия, он замон гуфта буданд, мақомот ваъда додаанд, ки бар ивази ин дафтари вайроншудаи ҳизб замин ҷудо хоҳанд кард.

Тахрибу баста шудани дарҳои бахшҳои ҲНИТ дар вилояти Суғд бори аввал нест, тайи чанд моҳи охир мешавад, Ин ҳизб шикоят дорад, ки мақомоти вилоят барои фаъолияти бахшҳояш дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод мекунад. Ахиран дафтари вилоятии ҲНИТ низ дар вилояти Суғд вайрон карда шуд. Мақомоти маҳаллии Суғд дар шарҳи ин иқдоми худ гуфтанд, қароргоҳи ҲНИТ бар асоси нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Хуҷанд тахриб ва ҷояш кабудизор мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Нофармо
YНафахимидосом, ХНИТ магар хизби точирон аст ?

Аслидин
Дузди зур сохиби гова бастаст.Ин хукумат аз хамин маколи халки кор гирифта истодааст.
\

Барои ХНИТ дар бозори дехкони шахри панчакент низ чой лозим нест.Чунки онхо таи чандин соли фаъолияташон ба мардуми панчакенти бостони ягон кумак накардаанд. Мисол соли 2003 пас аз омадани сел, тамоми идорахои давлатию гайридавлатии вилоят, сохибкорон, хизбхои сиёси ба монанди ХХДТ барои мрдуми офатзада дасти кумак дароз карда буданд, аммо ХНИТ, ки аъзоёни худро дар вилоят зиёд нишон медихад, аз хисоби аъзохаккии онхо ба ин мардуми бесарпанох монда як сомони ёрдам накарда буд. Дар рузхои сахт дасти мардуми панчакентро нагирифта буд, вале доимо рохбарияти хизб, аз номи дини мубини Ислом сухан ронда, худро мусалмони пок мехисобанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)