Пулис теъдод, сабаб ва усули худкушиҳо дар Суғдро эълон кард
Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯяд, тайи 6 моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд 140 ҳодисаи худкушӣ ва сўйиқасд ба он сабт шудааст, ки нисбат ҳамин давраи соли пешӣ 5 ҳолат камтар аст.
Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, аз 140 ҳодисаи худкушӣ, 29 ададаш сўйиқасд ба он мебошад. Ӯ афзуд, аз афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, 70 нафарро ҷинси мард, аз ҷумла, 8 нафар ноболиғ ва 70 тани дигарро ҷинси зан, аз ҷумла, 12 ноболиғ ташкил медиҳад.
Шариф Назаров дар шарҳи омилҳои худкушӣ дар вилояти Суғд илова кард, ки 56 нафарашон ба далели касалиҳои рўҳӣ, 23 тани дигар дар пайи муноқишаҳои оилавӣ, 30 нафар бо сабабҳои дигар ва 31 нафарашон бо сабабҳои номаълум худкушӣ кардаанд: “Аз ин миён тариқи худовезӣ 118 нафар, бо истифодаи яроқ ва корд 4, заҳролудшавӣ 4, худсўзӣ 2, ғарқшавӣ 3 ва 9 нафари дигар бо дигар усулҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд.”
Дар таносуби ноҳия мақомот илова намуданд, ки теъдоди аз ҳама зиёди худкушӣ ё сўйиқасд ба он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22 ҳолат сабт гардида, дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ягон ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.
Зимнан, тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, таҳлилҳо нишон додаанд, ки аз 140 нафар шахсони даст ба худкушӣ зада, 56 нафар гирифтори бемориҳои рўҳӣ буда, танҳо 16 нафар таҳти назорати мутахассисони равонпизишкӣ дар ҷойи иқомат қарор доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |