Шарҳи расмии сафорат дар бораи тазоҳуроти тоҷикон дар Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, қазияи тазоҳурот ва боздошти гуруҳи 11-нафарии ҷавонони тоҷикро дар назди консулгарии Тоҷикистон шарҳ дод.
Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон аз қавли мақомоти пулиси Маскав гуфт, як гуруҳ ашхоси номаълум ғайриқонунӣ, яъне бе мувофиқа бо мақомот назди бинои Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия омада, кушиши оростани гиридиҳамоӣ намудаанд, ки пеши роҳи онҳо гирифта шудааст. Эгамзод таъкид намуд, ки қаблан сафорат ягон муроҷиат ва ё талаботи мантиқии ин гурӯҳи шаҳрвандонро дастрас накардааст: “Мо ҳамеша омодаем, бо ҳамаи табақаҳои шаҳрвандонамон дар қаламрави кишвари иқомат, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, назар ва мавқеи сиёсиву шаҳрвандияшон мулоқоту гуфтугӯй намоем”.
Муҳаммад Эгамзод, дар мавриди кумакпулӣ ба зарардидагони садамаи метрои Маскав, ки аз талаботи асосии тазоҳуротгарон арзёбӣ мешавад, афзуд, ки ин дар салоҳияти мақомоти Русия аст: “Тибқи маълумоте, ки дорем, танҳо дирӯз Раёсати ҳимояи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳри Москва қабули ҳуҷҷатҳои зарардидагон ва намояндагони ашхоси дар ин садама фавтидаро оғоз намудааст, ки он дар доираи тартиботи муайян мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳамаи онҳо новобаста аз макони зист ва тобеияти шаҳрвандияшон, кӯмак расонда хоҳад шуд.”
Эгамзод бо такя ба ҳукумати шаҳри Маскав хабар дод, ки хонаводаҳои ашхоси дар ин садама фавтида- 1 миллион рубл, маҳруҳони вазнин- 500.000 рубл, бо ҷароҳати миёна- 250.000 рубл ва ҷароҳати сабук бардоштагиҳо - 50.000 рубли русӣ аз буҷаи шаҳр кумакпулӣ дарёфт хоҳанд кард: “Сафорати Тоҷикистон расман изҳори омодагӣ намуд, ки агар дар ҳуҷҷатгузории ин раванд мусоидат ва кумаки мо зарур ояд, вориди ҷараён хоҳад шуд.”
Мусоҳиби “Озодагон” илова намуд, ки Хадамоти консулгарии Сафорат, аллакай ба наздикони хонаводаи ду шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак намуда, дар масъалаи тайёр ва ҷамъ намудани мавод ва ҳуҷҷатҳои лозима барои дарёфти ин кӯмакпулии ҳукумати шаҳри Маскав изҳори омодагӣ намудааст.
Муҳаммад Эгамзод таъкид намуд, ки қазияи садама дар метрои Маскав дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти сафорати Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |