Нахустин “масҷиди экологӣ” дар Дубай дарҳояшро боз кард
Хазинаи вақфи Дубай рӯзи гузашта маросими ифтитоҳи нахустин масҷиди “экологӣ” дар ҷаҳони Исломро баргузор кард. Бино ба иттилои Emirates247, масҷиди “Халифа Тоҷир” дар кӯчаи Бур-Сайёд воқеъ буда, барои ибодати 3500 намозгузор ҷой дорад.
Ба иттилои манбаъ, масҷиди мазкур бо истифода аз маводҳои аз нигоҳи экологӣ тоза бунёд шудааст. Дар он камтарин нерӯи барқ истифода шуда, газҳои гулхонаии кондисионерҳои он хеле кам мебошад.
Тайиб Раис, дабири кулли Хазинаи вақфи Дубай дар маросими ифтитоҳи масҷид гуфтааст, онҳо тасмим доранд дар дигар маҳалҳо низ чунин ибодатгоҳҳоро бунёд созанд. “Яке аз принсипҳои аслии Ислом ҳифзи муҳити зист аст ва ман бовар дорам, масҷиди нав масъулияти одамон дар муносибат бо табиатро бештар мекунад”,-гуфтааст Тайиб Раис. Ба гуфтаи ӯ, ин масҷид тибқи стандартҳои Шӯрои сохтмони экологии ИМА ва дигар меъёрҳо сохта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |