Нуқтагузорӣ баъди омӯзиши 4-солаи Роғун дар Алмаато
Ҳафтаи равон мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубодилаи иттилоот дар мавриди нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Алмаато ба анҷом расид.
Тибқи иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ, ки ташхиси байналмилалии Роғун зери назорати он гузашт, дар ҳамоиши Алмаато намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон лоиҳаи хулосаи ниҳоиро дар мавриди Роғун мавриди баррасӣ қарор доданд: “Лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди асоснокии техникӣ-иқтисодии Роғунро консорсиюми «Coyne & Bellier» ва ҷанбаи экологӣ-иҷтимоиро «Poyry Energy Ltd.» таҳия кардаанд. Иштирокдорони ҳамоиш масоили вобаста ба амнияти садди Роғун, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанбор, таҳдидҳои экологӣ ва дигар пайомадҳои эҳтимолии нерӯгоҳро мавриди баррасӣ қарор додаанд."
Анна Берде, мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Алмааторо нуқтаи ниҳоии омӯзиши мустақили нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар давоми 4 сол гуфта, таъкид намуд, ки ташхиси нерӯгоҳ бо татбиқи пешрафтатарин таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ шудааст.
Ӯ афзудааст, ки хулосаи расмӣ ва ниҳоии ташхиси байналмилалии Роғун моҳи август баъди таҳлилу барррасии пешниҳодҳое, ки дар Алмаато ироа шуданд, нашр мегардад.
Бонки ҷаҳонӣ бо такя ба лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди Роғун мегӯяд, бо назардошти ҳисоботи коршиносони байналмилалии мустақил бунёд ва истифодаи нерӯгоҳ имконпазир аст, агар дар ин раванд меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, пешниҳодҳои дахлдори коршиносони байналмилалӣ ба назар гирифта шаванд: “Лоиҳаи аввалия такмил дода шавад ва низоми назоратие таҳия гардад, ки аз замони сохтмон то истифодаи нерӯгоҳ фаъолият кунад.”
НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Узбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |