Вазири фарҳанг: Сарояндаҳои мо бе фонограма ҳунари кофӣ надоранд
Шамсиддин Орумбекзода (Орумбеков), вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, вазъи воқеии ҳунару малакаи сарояндаҳои тоҷикро дида, аз манъи фонограмма дар фаъолияти онҳо худдорӣ намудаанд.
Шамсиддин Орумбекзода иброз намуд, ки барои маҳдуд кардани фонограмма чандин бор иқдом гирифтаанд, вале мутаассифона имрӯз барои бидуни фонограмма хондан на овоз ва на ҳунари сарояндаҳо басанда нест.
Ба қавли вазири фарҳанг, барои он ки фазои санъати имрӯза комилан холӣ нагардад, айни замон фаъолияти сарояндаҳоро бо фонограмма манъ накардаанд.
Номбурда мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, агар фонограммаро манъ созанд, фаъолияти бисёре аз сарояндаҳо маҳдуд мегардад: “Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, ки дар бисёр кишварҳо фонограмаро комилан манъ кардаанд, лекин дар вазъияте, ки мо имрӯз бо аҳли ҳунар қарор дорем, маҳдуд кардани он метавонад бисёр мушкилотро барои сарояндаҳо эҷод кунад. Бино бар ин, ҳоло муносибати мо дар ин маврид як вазъияти номуайянӣ дорад.”
Вазири фарҳанг илова намуд, ки дар маҷмӯъ, минбаъд барои пешгирӣ намудани фонограмма чораҳо меандешанд, то ҷомеа фаъол шавад ва сарояндаҳо барои бе фонограмма хондан омода гарданд.
Шамсиддин Орумбекзода бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар як давраи муайян аксари сарояндаҳои тоҷик ба ҳамин равия (фонограмма) равона гардиданд, ки мутаассифона имрӯз ҳунарашон бе истифода аз он басанда нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |