Прокуратураи генералӣ аз масдудияти 15 сомонаи интернетӣ хабар дод
Додситони кулли Қазоқистон 15 сомонаи ба гуфтаи он дорои матолиби хусусияти экстремистидоштаро масдуд кардааст. Асхат Даулбоев, прокурори генералии Қазоқистон гуфтааст, ин ниҳод фаъолияти худро дар самти мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризмро вусъат бахшидааст. Парлумон тарҳи қонуни аз сӯи додситонии кулл таҳияшударо дар мавриди мубориза бо ин падидаҳо қабул кардааст.
“Дар нимсолаи аввали соли 2014 бо дархости прокурорҳо додрасҳо 15 сомонаи интернетиро масдуд карданд. Судяҳо дархости прокурор дар мавриди экстремистӣ шинохтани маълумоти 175 матлаби хабариро қонеъ карданд. Паҳн кардани ин матолиб дар қаламрави Қазоқистон манъ аст”, -гуфтааст Даулбоев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |