ДИИШ: Худованд ба мо нагуфтааст... бо исроилиҳо биҷангем

Нашрияи исроилии “Haaretz” аз изҳороти ахири созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) дар мавриди он ки ҳоло алайҳи кишвари он ҷиҳод эълон намекунад, истиқбол кардааст.
Ин нашрия дар матлаби худ бо номи “ДИИШ бо Исроил ҷангиданӣ нест!” менависад, ки ин созмони ба ном “исломӣ” гуфтааст, “Худованд дар Қуръон ба мо дастур надод, пеш аз мубориза алайҳи мунофиқон, бо исроилию яҳудӣ биҷангем.” Дар ин матлаби “Haaretz” омадааст, ДИИШ гӯиё феҳристи мақомҳои баландпояи кишварҳои арабиро дар даст дораду онҳоро ҷузъи ҳадафи худ медонад, вале дар он номи ҳеч мақоми исроилӣ дида намешавад.
Созмони “Давлатӣ исломӣ дар Ироқ ва Шом” ахиран бо нашри як паёми худ ба сару садоҳо дар мавриди ин ки чаро ин созмони даъвои хилофати исломӣ дошта, алайҳи режими Исроил ҷиҳод эълон намекунад, гуфта буд, то замоне мубориза алайҳи “афроди мунофиқу мункирони Худо”-ро анҷом надиҳад, барои ҷанг бо исроилию яҳудиён намебошад. Ин созмони мавсуф ба террористӣ мегӯяд, беҳтарин посух барои ин суолҳо дар Қуръон омадааст, ки Худованд дар мавриди душмани наздик – мунофиқон суҳбат мекунаду онҳоро аз кофир хатарноктар хондааст.
Ин истиқболи нашрияи “Haaretz” ва паёми ДИИШ дар ҳолест, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафарбар шудани ҷангҷӯёни ин созмон ба навори Ғазза ба хотири мубориза алайҳи исроилиҳо хабар дода буданд.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Ӯ дар нахустин паёмаш пайравони дини мубини Исломро барои ҷиҳод дар Сурия ва Ироқ даъват карда, пайвастан ба саффи созмонашро "воҷиб" хонда буд. Бағдодӣ, аз мусулмонон хост, тарки ин воҷиб накунанд: “Дар ин моҳи пурбарак ҳеч амале беҳтар аз ҷиҳод дар роҳи Худо нест. Аз ин рӯ, ин фурсатро ғанимат шумореду бо ҷиҳод дар роҳи Худо ба кӯмаки дин шитобед.”
Вале дар пайи эълони ин хилофати “исломӣ” Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом бо нашри изҳороте таъсиси онро бо раҳбарии Абӯбакр Бағдодӣ маҳкум кард. Дар изҳороти ин иттиҳод, ки зери имзои Юсуф Қарзовӣ, олими шинохтаи суннӣ ва раҳбари он нашр гардид, таъкид шуда буд, "ин “Хилофати исломӣ” зидди меъёрҳои шариати Ислом буда, аз нафъи он зарараш ба пайравони ин дин бештар аст.”
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ гуфт, “аввалин изҳороти ДИИШ, ки дар онҳо ҷонибдорӣ аз мардуми сунни мазҳаб ва сокинони азиятдидаи Ироқ мешуду ба як хезиши мардуми норозӣ монанд буд, моро хушҳол гардониду аз он истиқбол ҳам кардем, вале дере нагузашта бо ташкил шудани “Хилофати исломӣ”-и аз сӯи ин гуруҳ, умеду орзуҳои мо ба руъё пайваст.”
Иттиҳоди мазкур изҳор дошт, ки ҳар чанд ташкили “Хилофати исломӣ” орзуи ҳар як фарди мусулмон аст, вале дини мубини Ислом ва мактаби зиндагӣ мегӯяд, “барои таъсиси он бояд хуб фикр карду зиёд омодагӣ дид, халифаи мусулмонҳо бояд аз сӯи тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Аммо ин ки як гуруҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст.”
Аз сӯи дигар, Абӯлуқмон, пешвои бахши ДИИШ дар шаҳри Риққаи Сурия баъд аз “халифа” эълон шудани Бағдодӣ, аз тими ӯ ҷудо шуда, худро “халифаи муслимин дар Шом” хонд. Абӯлуқмон дар шарҳи ин тасмими худ гуфта буд, “ӯ аз ашираи Алуҷайл аст, дар ҳоле ки Бағдодӣ насабаш маълум нест.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |