61 ҳазор доллар, 70 кило асал ва ду гусфанди бирён барои зиёрати хонаи Худо
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон аз ошкор намудани гуруҳи ҷиноие дар шаҳри Тошканд хабар медиҳад, ки одамонро бо визаи тиҷорӣ ба Ҳаҷ мефиристодааст.
Расонаҳои узбакӣ бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ менависанд, ки ин гуруҳ аз ду нафар иборат буда, соли 2012 бо ин роҳ 35 ҳазор доллар ва соли 2013, 61 ҳазор доллар “кор” кардаанд. Гуфта мешавад, яке аз ин афрод дар сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Тошканд кор мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2013 як сокини Андиҷон аз онҳо хоҳиш кардааст, ӯ ва наздиконашро ба Ҳаҷ бифиристанд ва барои ин 61 ҳазор доллар пардохт кардааст. Аммо онҳоро ба зиёрати хонаи Худо нафиристода, бар илова аз сокини Андиҷон 70 кило асали тоза ва ду гусфанди бирён гирифтаанд, то масъалаи ҳаҷро “ҳал кунанд”. Онҳо аз номи як ширкат ба сафорати Арабистони Саудӣ барои гирифтани визаи тиҷоратӣ санадҳои тақаллубӣ пешниҳод карда, барои ҳар кадом 55 долларӣ пардохт кардаанд. Дар ҳоле, ки аз ҳар як ҳаҷраванда аз 6 то 7 ҳазор доллар гирифтаанд. Расонаҳо мегӯянд, ҳангоми кофтукови ҷои истиқомати ин афрод адабиёти зиёди мансуб ба “Ҳизби таҳрир” ёфт ва мусодира шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |