Баррасии вазъи Фаластин дар суҳбати телефонии Руҳонӣ бо Путин

Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон бо ҳамтои русаш - Владимир Путин дар як тамоси телефонӣ ҳаводиси ахири навори Ғаззаро баҳс кардаанд.
Тавре дафтари матбуоти Кремл хабар медиҳад, суҳбати телефонии Руҳонӣ бо Путин рӯзи 18 июл баъд аз оғози ҳамлаҳои заминии неруҳои низомии Исроил ба Ғазза сурат гирифтааст. Ҷонибҳо дар ин гуфтугӯ ба таваққуфи фаврии ҷанг дар Ғазза ва азсаргирии музокироти мустақими Фаластину Исроил таъкид кардаанд.
Неруҳои низомии Исроил ҳамлаи заминии худ ба навори Ғаззаи Фаластинро рӯзи 18 июл оғоз кардаанд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ва Моше Яалон, вазири дифои ин кишвар барои ворид намудани артиш ба хоки навори Ғазза дастур додаанд.
Ҳамлаи низомии заминии Исроил ба навори Ғазза баъд аз даҳ рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар сурат мегирад ва мақомоти исроилӣ ҳадаф аз ҳамлаи заминии худро аз байн бурдани роҳҳои зеризаминии марзӣ унвон кардаанд. Дар пайи ин ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз 260 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазору 800 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли манобеи хабарӣ, шумораи зиёди қурбониёнро кудакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |