"Кӯкнор-2014": Боздошти ду сокини Панҷ бо иттиҳоми қочоқи ҳероин
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” чанд ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намуд.
Тавре торнамои ин ниҳод иттилоъ медиҳад, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар як сокини 30-солаи ноҳияи Панҷ боздошт ва аз ӯ 500 грам ҳашиш мусодира гардидааст: “Дар ҷараёни чораҳои тафтишотӣ ҳаммаслаки ӯ – сокини дигари ноҳияи мазкур низ дастгир шуд. Аз манзили истиқоматии боздоштшуда 1 кг ҳероин ёфт ва мусодира гардид”. Манбаъ мегӯяд, зимни тафтишоти пешакӣ маълум гардид, ки нашъаҷаллобон мехостанд ҳероинро барои фурӯш ба Русия интиқол диҳанд.
“16 июли соли ҷорӣ бошад, аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар рафти азназаргузаронии хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 0,2 гектар замини лалмӣ 5 200 бех ниҳоли банги худрӯй ошкор карда шуд. Мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании канабис буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари “тетрогидроканнабинол” мавҷуд мебошад”,-менависад торнамо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |