"Одноклассники" дар Тоҷикистон дастнорас шуд
Шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" дар Тоҷикистон дастнорас шудааст. Бархе аз корбарони ин шабака мегӯянд, тақрибан аз 9 соати қабл наметавонанд ба сомонаи мазкур ворид шавад. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам як корбар навишта, ки "Одноклассники" боз намешавад.
"Одноклассники" як шабакаи иҷтимоии русист, ки дар Тоҷикистон корбари зиёд дорад. 14 июни соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе шакли тоҷикии ин шабакаи иҷтимоӣ муаррифӣ шуд. Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники” он вақт ба “Озодагон” заруратӣ ба тоҷикӣ пешниҳод кардани онро чунин баён карда буд: “Дар тӯли чанд соли охир Интернет дар Тоҷикистон рушд кардааст ва кишвари Шумо ҳоло аз ҷумлаи пешсафон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ дар ин замина мебошад. Чуноне иттилоъ дорем, ҳоло 34 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд ва ин рақам рӯ ба афзоиш аст. Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”дар Тоҷикистон хеле маҳбуб аст ва яке аз бозорҳои аслии ин шабака кишвари Шумост. Шурӯъ аз баҳори соли гузашта гурӯҳи “Одноклассники” тасмим гирифт, ба корбарони худ дар мамолики гуногун наздиктар шавад ва ҳамин аст, ки ба 11 забони кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла тоҷикӣ, арманӣ, украинӣ, гурҷӣ, қирғизӣ, қазоқӣ тарҷума шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, бо корбарони худ муносибати беҳтар дошта бошем”.
Масдудияти ин шабакаи иҷтимоии русӣ дар ҳоле аст, ки қаблан Facebook низ дар Тоҷикистон чанд маврид дастнорас шуд. Аз субҳи рӯзи 9 июл ба ин сӯ бошад, баъзе ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube)-ро маҳдуд карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |